Таҷлили Рӯзи Президент

             Дар ноҳияи Тоҷикобод 16-ноябр ҳамчун Рӯзи Президент бо шукуҳи хосса таҷлил гардид. Дар  чорабиние, ки дар бинои шуъбаи фарҳанг бо иштироки Раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос баргузор гардид,  масъулини ҳукумати ноҳия, мақомотҳои қудратӣ, омӯзгорон, аҳли адабу фарҳанг ва ҷавонон ширкат варзиданд.

             Зимни суханрониии худ Раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос ҳамаи ҳозиринро ба ин рӯзи муборак табрик ва таҳният гуфта, оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории  тоҷикон, саҳми Президент дар сулҳу субот ва оромии ҷомеа, сухан гуфта, ҳамчунин дар бораи садоқати бепоёни халқи ноҳия нисбати  Пешвои муаззами миллат изҳори назар карданд. Иброз доштанд, ки имрӯз мо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабл аз ҳама, чун наҷотдиҳандаи Ватани маҳбубамон арҷ мегузорем, зеро ӯ тавонист дар лаҳзаҳои басо ҳассос ва ниҳоят мураккаб Ватани азизамон- Тоҷикистонро, ки дар вартаи нобудӣ қарор дошт, наҷот бахшад. Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки  ҳамаи тавоноиҳои худро ба сурати комил ба миллат бахшида, сабру мулоҳиза  ва бурдбориро  пешаи кори  хеш медонад. Ӯ  нафарест, ки  дар хонаводаи  марди меҳнатдӯст ба воя расида, то 40- солагӣ   дар байни мардумони оддӣ меҳнат ва фаъолият намудааст. Шояд сирри нуҳуфтаи  кордонӣ, шуҷоатмандӣ ва  маҳбуби халқ будани ин марди дунёи сиёсат  дар ҳамин фазилатҳо бошад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки дар атрофи Сарвари заковатманди худ боз ҳам муттаҳидтар гардида, ба бадхоҳони миллат ҳушдор диҳем, ки ҳеҷ гуна иғвою дасисаи онҳо ваҳдату якдилӣ ва сарҷамъии моро рахна карда наметавонад ва кафолати ҳамдилии мардуми шарафманди Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат аст.

 

              Сипас судяи суди ноҳия Фотеҳ Қуватзода вобаста ба нақши иҷлосияи тақдирсоз дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон, маъруза намуда қайд намуданд, ки интихоб гаштани  Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Сарвари давлат дар оғози солҳои 90-ум  санҷиши мардонагӣ, ҷасурӣ, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстию нотарсии ин марди наҷиб буд, ки  ҳокимияти сиёсии фалаҷгаштаро барқарор, муносибатҳои бенизомии  иҷтимоиро  муътадил ва сулҳу амниятро пойдор  карда тавонист. Ҳамзамон ин дарки  масъулиятнокӣ  ва амали худташаккулдиҳии шахсиятест, ки дар тӯли 28 соли соҳибистиқлолӣ худро пурра ба ҳимояи ягонагии давлат ва ташкили ҳувияти миллӣ дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ бахшидааст. 

             Муҳарири рӯзномаи «Паёми Тоҷикобод» Баҳодур Абдусаторзода оиди сафарҳои Пешвои миллат ба ноҳияи Тоҷикобод ва ободии ин ноҳияи дурдасти Ҷумҳурӣ суханронӣ намуда, аз ғамхорию дастгирии сарвари давлат нисбати мардуми ноҳия, инчунин аз сӯҳбатҳои хотирмон ва таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳояшон ба ноҳияи Тоҷикобод ёдовар шуданд.

             Дар чорабинӣ ҳамчунин прокурори ноҳияи Тоҷикобод Фаррух Муродзода атрофи нақши  Пешвои миллат дар беҳбуди вазъи зиндагии мардуми  сайёра, мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Иброҳим Нусратов оид ба дастгирӣ ва ғамхории Президенти мамлакат нисбат ба ҷавонон  суханронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки чунин инсонҳои шарифу шуҷоъ ҳамеша дар  вазъиятҳои  гуногун  сарнавишти  мардуми  худро ба хубӣ  дарк ва муайян намуда,  номи  неки худро  дар зеҳн ва тафаккури  мардум барои ҳамеша  ҷойгузин мекунанд. Хусусан  дигаргуниҳои  замони соҳибистиқлолӣ- ифтитоҳи иншооти бузурги аср, бунёди неругоҳҳои барқӣ, роҳу нақбҳо, баланд бардоштани  ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан  ба вазъи таълиму тарбия ва тандурустӣ низ шаҳодати онанд, ки  мардуми Тоҷикистон  ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва  ояндаи дурахшони  Тоҷикистон боварию эътиқоди қавӣ дорад.

              Дар қисмати поёни чорабинӣ ба як қатор нафароне, ки дар маъракаҳои сиёсӣ ва озмунҳо саҳми муносиб гузоштанд сипоснома ва ифтихорномаҳо тақдим гардид. Барномаи мукаммали фарҳангӣ бо иштироки ҳаваскорон ва кормандони бахши фарҳанги ноҳия хотири ҳозиринро дар ин рӯзи хуҷаста болида намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code