Шӯрои шаҳри амрикоии Болдуэр мехоҳад чойхонаи тоҷикии худро мавриди ҳифозаи вижа қарор диҳад. Агар дар овоздиҳие, ки дар ин шӯро рӯзи сешанбе барпо мешавад, қарори мусбат қабул шавад, бинои муассисаи бо номи “Boulder-Dushanbe Teahouse” (“Чойхонаи Болдуэр-Душанбе”) ба ҳайси муассисае, ки девору ороишоташ арзиши баланди фарҳангӣ, меъморӣ ва таърихӣ дорад, таҳти ҳимоят гирифта мешавад.
Вебсайти амрикоии www.dailycamera.com мегӯяд, барои таҳти ҳифозати фарҳангӣ қарор додани чойхона аъзои ҷамъияти дӯстони чойхонаи Душанбе дар Боулдэр ва ҳам “Боулдэри таърихӣ” талошҳо ба харҷ додаанд.
Фаъолон мегӯянд, бояд деворҳои пурнақшу нигори чойхона таҳти ҳимоят қарор бигирад ва дар сурати пеш омадани зарурат барои тағйир додани намуди берунаву дохилии чойхона, иҷозати махсус лозим мешавад. Дар феҳристи фаъолон таҳти ҳифозат қарор додани сутунҳои кандакоришудаву нақшу нигорҳои дастии деворҳо ва гаҷкориҳову фаввораи дохили чойхона пешниҳод шудааст. Мерси Кемерон, як таърихшинос гуфт, боз ҳам ҳар як ҷузъе аз чойхона бояд санҷида шавад.
Вебсайти амрикоӣ менависад, ки бори аввал мавзӯи ҳифзу ҳимояти фарҳангии чойхонаи тоҷикиро 24-уми октябри имсол дар шӯрои шаҳри Боулдэр баррасӣ карданд ва аксар аъзои шӯро ба тарафдорӣ аз қабули қарори вижа дар бораи ҳимояти ин объекти барои шаҳр муҳим ва таърихӣ ризоият доданд. Он замон қарор шуд, ки овоздиҳӣ барои қабули қарор дертар сурат гирад. Мерси Кемерон мегӯяд, як ҳадафи дигари онҳо ин аст, ки чойхона битавонад ба ҳайси як тарабхонаи маҳбуби сокинони маҳаллӣ кори худро идома диҳад ва баробар бо ин, як макони арзишманди фарҳангӣ арзёбӣ шавад.
Чойхонаи пурнақшу нигори тоҷикӣ дар як шаҳри амрикоӣ таърихи беш аз 30-сола дорад. Дар вебсайти худи ин муассиса дар бахши “Таърихчаи чойхона” дар баробари шарҳи нақши чойхонаҳо дар фарҳанги мардуми Осиёи Марказӣ, дар бораи таъсисёбии ин тарабхона ҳам шарҳе оварда шудааст.
Ба навиштаи муаллифон, (https://www.boulderteahouse.com/) соли 1987 шаҳрдори вақти Душанбе Мақсуд Икромов зимни сафар ба Боулдэр эълон кард, ки Душанбеву Боулдэр бародаршаҳр мешаванд. Барои бунёди он 40 рассому кандакор ва дигар ҳунармандони Тоҷикистон ҷалб шуданд ва меъмор ё муалифи тарҳ Ладо Шанидзе буд. Вебсайт ёдовар шудааст, ки 200 ороишоти чӯбии чойхона дар Тоҷикистон сохта шуда, баъдан ба ИМА интиқол дода шуд.
Ҳоло чойхонаи тоҷикӣ дар Амрико ба ҳайси як тарабхона амал мекунад, саҳни ҳавлӣ дорад ва барои меҳмонҳо навъҳои мухталифи ғизоҳои мардуми шарқу Аврупоро пешниҳод мекунад.
Чойхонаи тоҷикӣ дар Боулдэр аввалин тарабхонаи миллии тоҷикӣ буд, ки дар ИМА сохта шуд. Тафовути ин муассиса аз онҳое, ки солҳои охир пайдо мешаванд, дар он аст, ки дар бунёди чойхонае бо ороишоти меъмории сирф тоҷикӣ мақомоти ҳукумати Тоҷикистон ширкат кардаанд.
Баъди касби истиқлоли Тоҷикистон, боз шудани марзҳо ва имкони сафар ба хориҷа бисёр тоҷикистониҳо ҳам ба ИМА рафта чойхонаву тарабхонаҳои миллӣ боз карданд. Соли 2018 як чойхонаи тоҷикӣ дар шаҳри Омаҳаи аёлати Небраскаи ИМА ҳам ифтитоҳ шуд.