Таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ
Иди Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳазорон нафар сокинон ва ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод бо роҳпаймоӣ аз майдони Парчам ва нишони давлатӣ, ки дар даромадгоҳи шаҳрак ҷойгир мебошанд оғоз гардид. Дар роҳпаймои, ки то назди бинои шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод идома ёфт, намояндагони қишрҳои гӯногӯни ҷомеа бо шиору плакатҳо ва парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори “Мо пайравони Пешвои Милатем” иштирок карда, бо ифтихорманди ин санаи муборакро таҷлил намуданд. Рохпаймоии сокинони ноҳия зери ин рамзи муқаддаси миллӣ яъне Парчами давлатӣ, аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ дарак медод. Таҳти ҳамин рукни муқаддаси миллӣ сатҳи таҷлили чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ ва миллӣ дар ноҳия сол то сол шукӯҳи дигар мегирад. Таҷлили Рӯзи Парчам эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое мебошад, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд.
Баъд аз роҳпаймои дар толори шуъбаи фарҳанг бо иштироки раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос намояндагони сохторҳои қудратӣ, мақомоти иҷроия, масъулини ташкилоту идораҳо ва ҷавонони фаъоли ноҳия ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Зимни баромади хеш раиси ноҳия Фақерзода Қадриддин Аббос оид ба таърихи парчамдории тоҷикон суханронӣ намуда қайд намуданд, ки давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти қадимаи миллатамон бо номи дирафш ёд мешавад. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши ковиён» ном дошт. Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хоса дошта, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннати аҷдодӣ таърихи беш аз 4000-сола дорад. Хушбахтона, бо шарофияти истиқлолияти давлатӣ, тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд.
Дар чорабинӣ инчунин Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 Суҳроб Ваҳобниё ва собиқадори меҳнат Зебо Ҳиматова маъруза намуда оид ба таърихи куҳан ва таърихи навини парчамдории тоҷикон маълумот доданд. Қайд намуданд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод ифтихор аз он доранд, ки дар маркази ноҳия бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчам ва Нишони давлатӣ мавриди баҳрабардории сокинон қарор дода шудааст. Бо ташкили экскурсияҳо дар майдони парчам ва нишони давлатӣ бояд ҳуввияти миллии ҷавонон ва наврасони ноҳияро боло бардошт то ҳамчун макони муқаддас, ифтихор ва эҳтиром ба рӯҳи бузургон шинохта шавад.
Дар поёни чорабинии мазкур санъаткорони шуъбаи фарҳанги ноҳия ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 бо шеъру суруд ва таронаҳои дилнишин хотири иштирокдоронро шод намуданд.
\