Бинои нави Маркази саломатӣ – тӯҳфаи арзанда дар Рӯзи Парчами миллӣ

              Дар доираи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод  бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам иншоотҳои таъиноти гуногун мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар рӯзи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Тоҷикобод бинои хуштарҳу замонавии Маркази саломатӣ барои кормандони Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бинои мазкур аз ду ошёна  иборат буда, он дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди давлатҳои Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб бо маблағи 2 милиону 600 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо маблағи 2 млн 300 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизотҳои  муосир ҷиҳозонида шудааст. Бино бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии хайриявии Тоҷикистон сохта шудааст. Ташкилоти мазкур аз созмонҳои бонуфузи мамлакат буда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар бунёди инфрасохтори соҳаҳои мухталиф саҳмгузор аст.

   

  

             Бунёди чунин иншоотҳо бо шарофати сиёсати дарҳои боз ва таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷалби сармоягузорӣ ҳамчун омили рушди иқтисоди кишвар амалӣ мегарданд. Дар маросими ифтитоҳи бино намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ташкилоти ҷамъиятии хайриявии Тоҷикистон, намояндаҳои муассисаи  Муҳаммад Бин Рашид Оли Мактум дар шаҳри Дубай, раиси ноҳияи Тоҷикобод ва кормандони ташкилоту муассисаҳои тандурустӣ иштирок намуданд. 

               Дар маросими ифтитоҳи бино зикр гардид, ки иқдоми мазкур бори аввал набуда, ду сол қабл аз тарафи ин шарикони рушд дар деҳаи Капалии ноҳия бинои хуштарҳи бунгоҳи тиббӣ дар сатҳи Маркази саломатӣ сохта шуд, ки а    йни замон мавриди истифодаи сокинони деҳот қарор дорад. Бунёди бинои нави Маркази саломатӣ мушкилоти норасоии  утоқҳои муоинавӣ ва муолиҷавиро бартараф намуд. Дар дохили бино   дастгоҳҳои замонавии ташхису муоинавии пуриқтидор  насб карда шуда, дар ду палата катҳои дорои имкониятҳои электронии муоинавӣ мавҷуд мебошанд.

     

           Солҳои охир бо маблағгузории Ташкилоҳои байналмиллалии донории ҳамкор дар самти нигоҳдории тандурустии навоҳии кӯҳистон чунин лоиҳаҳо амалӣ мегарданд, ки дар ҳифзи сиҳатии омма нақши муҳим мегузоранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code