Тоҷикобод. Пегири ва ташхис аз ВНМО дар меҳвари таваҷҷуҳ
Солҳои охир бо шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар соҳаҳо ба ҳифзи сиҳатии омма аҳамияти махсус зоҳир мегардад. Тавре сарвари давлат зикр намудаанд «Ҷомеаи шаҳрванди аз фардҳои ҷисман ва руҳан солим ташакул меёбад».
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди бемайлони илму техника қарор дорад. Пешрафту шукуфоии оламро бе донишу маърифат наметавон тасаввур кард. Қисме аз мамолики пешқадами дунё бо фарогирии нерӯҳои ақлонию эҷодӣ мушкилоти молиявиро ҳал намуда бошанд ҳам аз нигоҳи падидаҳои номатлубе, мисли СПИД изҳори ташвиш менамоянд. Зеро давра ба давра зиёд гардидани шумораи он низоми ҷомеаро халалдор намуда, сиҳатии насли минбаъдаро зери шубҳа мегузорад. Мутаассифона, ин мушкилоти азим дар Ҷумхурии Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасад. Бар асари муҳоҷирати меҳнатӣ, бекорӣ ва масъулиятношиносии қисме аз ҷавонон аллакай хатари зиёд шудани гирифторони бемории СПИД, яъне норасоии маснунияти бадан вуҷуд дорад.
Афзоиши ин бемории хатарафзо дар Тоҷикистони мо низ боиси ташвишу нигаронии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ гардида, тамоми чораҳо барои пешгирӣ ва табобати шахсони мубталогардида андешида мешаванд.
Тавре дар сӯҳбат Маҳмуд Олимов, директори Маркази ВНМО-и ноҳияи Тоҷикобод иброз доштанд; Тибби муосир муқаррар намудааст, ки одамон ба ин беморӣ асосан дар натиҷаи алоқаи ҷинсии тасодуфию ноогоҳона, бо роҳи гузаронидани сӯзандоруи сироятёфта, бо роҳи хунрезӣ дучор мешаванд. Аз ҳама даҳшатовараш он аст, ки дар батни зани бо марди бемор алоқаи ҷинсӣ намуда, ё ба дигар роҳ бо ин вирус мубталошуда тифли бо бемории СПИД сироятёфта ба дунё меояд. Боз мураккабии вируси норасоии маснунияти одам дар он мебошад, ки шахси аз вирус сироятёфта худ огоҳӣ надорад ва ягон нишони беморӣ дар аввалҳо дида намешавад, ӯ худро солим ҳис мекунад. То пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ва ба қайди табибон гузаштан шахси бемор манбаи сирояти ВНМО дар ҷамъият, пеш аз ҳама ҳамсару ҳамхобаи худ аст.
Дар ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати пешгири ва муайян намудани бемории вируси норасоии маснунияти одам (ВНМО) дар байни аҳолӣ тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидааст. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷояги бо маркази ВНМО, Раисони ҷамоатҳо ва дигар шахсони масъул дар ҳама ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия вохуриҳо ташкил шуда, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни мардум ба роҳ мондаанд. Барои огоҳии пурраи ҷавонон аз ин вабои аср дар маркази деҳаҳо тавассути овезаҳо дар бораи пешгири аз мубталоӣ ва хатари бемории ВНМО маълумотҳо насб гардида, аз мардум даъват ба амал оварда шудааст то аз ташхис гузаранд ва солимии худро муайян ва ҳифз намоянд. Махсусан ҷавононе, ки аз давлатҳои дигар яъне аз муҳоҷират ба ватан бар мегарданд пеш аз ҳамхобагӣ бо ҳамсарони хеш бояд аз ташхис гузаранд. Зеро ягона интиқолдиҳандагони ин беморӣ ба ватани мо муҳоҷирон мебошанд.
Рӯзи 1-декабри соли 2020 бо ин мақсад дар бинои шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он мавзӯъҳои; Таърихи пайдоиши ВНМО дар ҷаҳон, Пешгирии вируси норасоии масунияти одам дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, Санадҳои меъёри ҳуқуқӣ дар самти мубориза бар зидди ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосҳои илмӣ оиди ташхиси саривақтӣ гузаронидани занони ҳомиладор, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мутаассифона, аз соли 2007 то имрӯз Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО-и ноҳияи Тоҷикобод 42 нафар гирифторони СПИД-ро ба қайд гирифтааст, ки аз ин 17 нафарашон занон ва 3 нафарашон бачаҳои то синни 16 сола мебошанд. Аз шумораи умумӣ 9 нафар (6 нафар мард ва 3 нафар зан) фавтидааст.
Тавре дар чорабинӣ зикр гардид, соли 2017 якбора 11 нафар гирифторони беморӣ дар ноҳия ба қайд гирифта шуданд, ки ин дар мисоли ноҳияи хурди Тоҷикобод боиси нигаронии ҷиддӣ буд, вале маълумотҳои охир нишон доданд, ки хушбахтона солҳои охир гирифтори ба ин беморӣ камтар ба назар мерасад. Новобаста аз ин мубориза барои пешгирии ин беморӣ кори умумӣ эълон гардида, аз аҳли ҷамоатчигӣ талаб талаб карда шуд, ки бетарафӣ зоҳир накунанд. Ташхисҳо ба хулосае меоранд, ки асосан муҳоҷирони меҳнатӣ мубталои ВНМО мегарданд. Ин қабил ҷавонон бинобар ноогоҳӣ аз бемории СПИД бо шахсони тасодуфӣ алоқаи ҷинсӣ карда, ногузир сироят меёбанд. Баъди бозгашт аз муҳоҷират зиндагии худ ва атрофиёнашонро дар хатар мегузоранд ва сабабгори сироят ёфтани ҳамсар ва тифлони бегуноҳи худ мегарданд. Сӯзандоруи сироятёфта, асбоби тиббии духтури дандон, теғи сартарош, ки ба хуни шахси бемори ВНМО олуда гардидаанд, метавонанд шахси солимро гирифтори ин дарди бедаво гардонанд.
Чораи ягонаи пешгирӣ аз вабои аср он аст, ки шуруъ аз муҳити оила то мактаб, ҷойҳои ҷамъиятӣ, идораву корхонаҳо фаъолон моҳияти бемории СПИД-ро ба аҳолӣ шарҳу тавзеҳ дода, аз оқибати ногувори он бояд ҳар як шахс огоҳии комил дошта бошад. Ҳар як ҷавон вазифадор аст, ки баъди бозгашт аз муҳоҷирати меҳнатӣ барои эҳтироми ҳамсар ва фарзандон пеш аз ҳамхоба шудан аз ташхиси тиббӣ оид ба СПИД ва дигар бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сироятмекарда гузарад. Ташхис дар Марказҳои ВНМО-и ноҳия ва ҷумҳурӣ тариқи пинҳонӣ гузаронида шуда, сири шахси сироятёфта дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Тибби муосир дар муолиҷаи беморони СПИД ба пешравиҳо ноил гардидааст. Дору ва давоҳое ихтироъ гардидаанд, ки дар сурати сари вақт муроҷиат намудан қодиранд ҳамсар ва фарзандони ояндаи шахси сироятёфтаро аз сироятёбӣ нигаҳ доранд. Шахси сироятёфта низ зиндагии худро ҳамчун фарди солим дар якҷоягӣ бо ҳамсару фарзандонаш давом дода, дар оянда метавонад насли солим ба дунё биёрад. Маркази вируси норасоии маснунияти одам (ВНМО) дар беморхонаи марказии ноҳия воқеъ гардида бо таҷҳизоти замонавӣ, лабараторияи ташхис, табибони ихтисосманд таъминмебошад. Аз шаҳрвандон, ба вижа муҳоҷирони меҳнатӣ, оилаҳои навбунёд хоҳиш мешавад, ки ба Марказҳои ВНМО муроҷиат кунанд. Зеро маҳз саломатии онҳо пойдевори асосии барпо намудани ҷомеаи солим мегардад.