КӮМАК ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ
Дастгирии оилаҳои камбизоат дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо пайравӣ ба ин сиёсат аз тарафи корхонаву ташкилот ва шахсони алоҳида ба ниёзмандони ноҳияи Тоҷикобод кумакҳо расонида мешаванд.
Дар арафаи Соли нави мелодӣ аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии Тоҷикистон ба як қатор кӯдакон аз оилаҳои камбизоати ҷамоати деҳоти Лангари шоҳ кумак расонида шуд. Аз ҷумла ба 200 нафар ниёзмандон маводҳои хурокворӣ аз қабили орду равған, гушт, биринҷ, макарон, наск, нахуд, лубиё ва ба 180 нафар 150 килограмӣ ангишт расонида шуд. Инчунин аз тарафи ин ташкилот 30 нафар хонандагони синфҳои 1 то 4 бо сару либоси гарми мактабӣ таъмин гардиданд.