МУЛОҚОТИ РАИСИ ПАРЛУМОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

            Имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии мамлакат мулоқотҳои вакилон бо интихобкунандагон идома доранд. Дар ин радиф дар ноҳияи Тоҷикобод мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо интихобкунандагон  доир гардид.

            Дар мулоқот раиси Парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадтоир Зокирзода перомуни дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ  15 декабри соли 2020 баён доштанд, ба таври муфассал суханронӣ намуд. Дар вохурӣ бо интихобкунандагон арзи сипоси Сарвари давлат ба мардуми кишвар ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаҳои интихобот расонида шуда, муҳтавои Муроҷиатномаи Сарвари давлат оид ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, риояи қоидаҳои зиддисӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизотҳои барқии серхароҷот шарҳу тавзеҳ дода шуд.

 

              Маҳмадтоир Зокирзода доир ба фаъолияти Парлумон дар соли сипаришуда маълумот дода,  муҳтавои қонуну қарорҳои дар ин давом қабулгардидаро шарҳ дод.  Зимни вохурӣ бо интихобкунандагон доири вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншоотҳои ҷашнӣ, таъмиру бунёди манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон бо мақсади омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардиданд. Дар рафти мулоқот аз масъулини ташкилоту муассисаҳо оид ба омодагиҳо ба иди байналмиллалии Наврӯз, таҳияи нақшаҳои дахлдор ҷиҳати ташкилу баргузории озмунҳои фарҳангӣ, илмию фаннӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, ба роҳ мондани фаъолияти доимии боғҳои фарҳангию фароғатӣ гузоришҳо пешниҳод карда шуданд. Дар ин радиф ба  истифодаи самараноку оқилонаи замин, бахусус қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон, омодагиҳо ба мавсими кишт, зиёд намудани майдони кишти картошка ва захираи озуқа дар ҳар як оила, инчунин дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳу ағбаҳо дар мавсими сармо диққати хосса зоҳир карда шуд.

             Зимнан аз тарафи Раиси парлумони кишвар доир ба иштироки фаъоли кишоварзони ноҳия дар намоиш – ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар пойтахти мамлакат изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Оиди рафти иҷрои чораҳои безараргардонӣ, риояи ҳолати санитарию эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, бахусус СOVID-19 ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

             Дар рафти мулоқот бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод масъулини сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, фаъолону собиқадорони меҳнат, намояндагони ҷавонон ва бонувон  ҳамовозии худро аз сиёсати созандаи  Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат изҳор намуданд. Ба вакил аз тарафи сокинон доир ба ҷудо намудани грантҳо барои бонувон, бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва сохтани муассисаҳои таълимӣ бинобар сол то сол зиёд шудани шумораи хонандагон ва як қатор мушкилоти ноҳия дархостҳо пешниҳод гардиданд.

             Раиси парлумон ваъда доданд, ки барои иҷрои дархостҳои мазкур  дар якҷоягӣ бо Вазорату Кумита ва ташкилотҳои марбута мусоидат менамояд. Дар поёни мулоқот натиҷаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар муқоиса бо соли 2019 таҳлил гардида, вазифаҳо барои соли 2021 муайян карда шуданд. 

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code