МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛОНИ ТОҶИКОБОД
                                                       Маҷлиси фаъолони ноҳияи Тоҷикобод оид ба рушди иҷтимою иқтисодии ноҳия дар соли 2020

            14 январи соли 2021 дар толори шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод маҷлиси ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия бо иштироки раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос, Маҳмадҷонзода Олимҷон Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмад Идиев муовини директори генералии ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ва Назрӣ Абдураҳмонов мушовири директори ҶСК «Тоҷиктрансгаз» доир гардид. Дар он роҳбарони ташкилоту муассиса, фаъолон ва роҳбарони хоҷагиҳо раисони деҳаҳо, эмомхатибон ва дигар фаъолони ноҳия иштирок намуда, масъалаҳои рӯзномаи маҷлисро муҳокима ва баррасӣ намуданд.

  
            Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома Рамазонзода Зулфиқор муовини аввали раиси ноҳия оид ба иҷроиши андозу буҷет, сармоягузорӣ, коммуникатсия ва дигар масъалаҳои марбута ҳисобот дода, қайд кард, ки новобаста аз таъсири манфии пандемияи Ковид-19 дар соли сипаришуда нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия назаррасанд. камбудиҳо низ дар ин самтҳо ҷой доранд ва Барои рафъи камбудиву норасоиҳои соли сипаришуда моро лозим аст, ки дар соли навин ҷиҳати ҳалли онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода намоем. 

  
             Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома муовини соҳавии раиси ноҳия Назризода Маҳмадтоир бо ҳисобот баромад намуда аз ҷумла зикр намуд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлат соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ ба ҳисоб мераванд. Инчунин иброз дошт, ки дар баробари дастовардҳо камбудиҳои назаррас дар соҳаҳои зикргардида мавҷуданд, аз он ҷумла нарасидани мутахассисони касбӣ, паст будани хизматрасонии тиббӣ ва паст будани сатҳу сифати таълим ва тарбия, ки моро лозим меояд ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳои болозикр минбаъд шеваи корро дигар карда, норасоиҳои мавҷударо бартараф намоем. Дар рафти маҷлис аз зиёдшавии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ҷавонон изҳори нигаронӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки бобати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ҷавонон корҳои омафаҳмониро бояд тақвият бахшем. Илова бар ин иброз гардид, ки бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии Ковид 19 тамоми тадбирҳо роҳандозӣ карда шаванд.
            Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома муовини соҳавии раиси ноҳия Бахтиёри Ҳақназар баромад карда, нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзиро ҳамаҷониба таҳлил кард. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии ноҳия ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ нақши ҳалкунанда дорад ва барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ тухмии хушсифат нақши асосӣ дорад.
             Баъдан намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадҷонзода Олимҷон ба сухан баромада, вобаста ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод дар соли 2020 андешаҳои худро иброз намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои мушаххас дод. Номбурда зимни таҳлилу баррасӣ фаъолияти сохторҳои ноҳияро дар тӯли соли сипаришуда қаноатбахш арзёбӣ намуд.
             Сипас раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос вобаста ба мушкилотҳои ҷойдоштаи ноҳия андешаронӣ карда, аз ҷумла қайд намуд, ки дар баробари дастовардҳо ҳанӯз дар ноҳия мушкилотҳои зиёд ҷой доранд. Аз он ҷумла перомуни иҷроиши саривақтии нақшаи ноҳия доир ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иншоотҳои ҷашнӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ, муҳайё сохтани инфрасохтори зарурӣ барои рушди сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбия ва бартарафсозии норасиҳо ба таври муфассал суханронӣ намуд. Дар рафти маҷлис аз роҳбарони ташкилоту идораҳои калидӣ ҳисобот пурсида шуда, барои соли 2021 вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
             Дар охир раиси ноҳия аз сиёсати Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ ибрози ақида намуда, барои идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ то ҷашни истиқлол ба масъулин супоришҳои қатъӣ доданд.
Бо назардошти масъалаи муҳокимашуда дар маҷлиси фаъолони ноҳияи Тоҷикобод қарорҳои дахлдор қабул гардид.
             Дар маҷлис қарор дода шуд, ки тибқи дастурҳои Пешвои муаззами миллат имсол бояд на камтар аз 70 фисади заминҳои обӣ ба кишти картошка банд карда шаванд. Барои ҳар чи тезтар коршоям кардани иншоотҳои обрасон дар таъмири каналу ҷуйборҳо истифодаи ҳашарҳои дастаҷамъонаи мардум ба мақсад мувофиқ шуморида шавад.
Қарор дода шуд, ки ба муносибати истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ тезонида шавад. Масъулин, бахшҳои сохтмон ва меъморӣ, сохтмони асосӣ мушкилотҳои ҷойдоштаро ҳал намуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои сохтмонашон оғоз наёфта, тадбирҳои амалӣ андешанд. Бо мақсади иҷрои корҳои ободонӣ то рӯзи ҷашн 240 рӯзи ободонӣ эълон карда шуд.
            Барои таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, вусъат бахшидани корҳои оммафаҳмонӣ оиди пешгирии қонунвайронкуниҳо дар байни ҷавонон, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, роҳ надодан ба ҷараёнҳои ифротгаронаи динию мазҳабӣ, ҷиҳати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» бедор намудани ҳисси ватандустию ифтихори миллии шаҳрвандон, пеш аз муҳлат иҷро намудани сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ чораҳои амалӣ андешанд.
             Барои муҳтавои қарори қабулгардидаро ба самъи шаҳрвандони ноҳия тавассути рӯзномаи ноҳиявӣ ва дигар расонаҳои дохилӣ расонидан рӯзномаи «Паёми Тоҷикобод» вазифадор карда шуд.
             Дар поёни ҷамъомад ба ғолибону иштирокдорони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ноҳияи Тоҷикобод ва як қатор фаъолони ноҳия аз ҷониби ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ифтихорнома ва мукофотҳои пулию молӣ тақдим карда шуд.

     

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code