Хиёнатро набояд бахшид
Баъди тамошои қисми 7-и филми мустанади “Хиёнат”, ки дар он хиёнат ва ҷиноятҳои оилаи фаъоли ташкилоти террористӣ –экстремистии ҲНИ Садриддиновҳо (Мулло Қаландар ва Муҳаммадиқбол) намоиш дода шуд, хостам тариқи рӯзнома фикру андешаҳои худро изҳор дошта бошам. Навору далелҳое, ки аз ҷиноятҳои назҳатиҳо падару писар дар филм оварда шудааст, нафрати касро ба онҳо бедор мекунад. Дар он солҳои мудҳиш миллати тоҷик дар пайи амалҳои разилонаи ин хунхорҳо, ҷони наздики дусад ҳазор шаҳрванди худро, сар карда аз олимону донишмандон, табибону рӯзноманигорон ва мардуми одӣ аз даст додааст. Ҳазорон нафар бехонаю ҷой, сарсону саргардон гашта, аз тарси ҷони худ солҳо дар Афғонистон ва дигар мамлакатҳои дуру наздик азобу машақати гурезагӣ кашиданд.
Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки новобаста аз амалҳои ғайриинсонии ин ташкилоти террористӣ, ба хотири расидан ба ваҳдату ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон, тамоми ҷиноятҳои қаблии наҳзатиҳо бахшида шуда ба онҳо дар доираи қонун иҷозати фаъолият дода шуд. Чуноне, ки дар филм гуфта мешавад “хиёнатро набояд бахшид”. Ҳамин тавр ҳам бояд бошад, чунки хиёнаткор аз амалҳои зишти худ ҳаргиз даст намекашад. Имрӯз наҳзатӣ Муҳаммадиқболи Садриддин бо роҳнамоии хоҷагони хориҷии худ хоҳони аз худ кардани ҳокимият ва давлат шудааст. Суоле ба миён меояд, ки ин беимони мазҳабфурӯш ва ҳаммаслаконаш бо кадом идеология мехоҳанд давлат созанд? Посух ягона аст. Албатта, бо идеологияи хоҷагони хориҷӣ, ки тайи даҳсолаҳои охир пеши худ мақсад гузоштаанд, ки миллати тоҷикро ба ғулом табдил дода, бадбахтиҳоро ба сараш бор кунанд. Тамошои филми мустанад аз он гувоҳӣ медиҳад, ки стратегияи асосии наҳзатиҳо ва шахсан Муҳаммадиқбол-барпо кардани қудрату доштани салтанати исломӣ дар Тоҷикистон аст. Шоёни таҳсин аст, ки ҷавонмардони барӯманди тоҷик соли 2015 аз мақсадҳои нопоки онҳо огоҳ шуда, разилонро решакан карданд. Афсус, ки саркардагони наҳзатиҳои ватанфурӯш-Кабирию Муҳаммадиқбол мисли шағол ҳаммаслакони худро партофта аз кишвар фирор карданд. Бо вуҷуди он, ки натанҳо ҷомеаи тоҷик, балки тамоми дунё аз хиёнатҳои ин иблисон огоҳ ҳастанд, аммо имрӯз ҳам Муҳаммадиқбол бо чанд нафар сагони дайдуи дигар аз хориҷи кишвар миёни ҷавонон бо сохтани дурӯғу туҳмат нисбати Ҳукумат, бо иғвогарӣ дар матбуоту интернет мақсад доранд, ки вазъи кишварро ноором созанд.
Имрӯзҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ М. Садриддин ва пайравонаш худро “ғамхори миллат” муаррифӣ кардан мехоҳанд, аммо далелу гуфтаҳои филми мустанади “Хиёнат” гувоҳи он аст, ки миллати тоҷик гуноҳи онҳоро дигар намебахшад.
Соли 1997 барои онҳо якбор имконият дода шуд, ки ислоҳ шаванд, аммо ин разилон маротибаи дуюм ҳам хостанд аз пушти миллат ханҷар зананд. Барои онҳо маблағи ночизе, ки аз хоҷагонашон дарёфт мекунанд, ҳазорон бор аз ҳувияти миллӣ, нангу номус, дину мазҳаб боло меистад. Ман боварӣ дорам, ки он рӯзи нек наздик аст, то хоинони миллат барои ҷиноятҳои содиркардаи худ дар назди мардум ҷавоб гӯянд.
Муҳаммад Шоев, раиси ҷамоати Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод