Иқболи беиқбол Филми “Хиёнат” (қисми 7) шаппотии обдоре ба рӯи Муҳаммадиқболи Садриддин зад…

          Дар олам ягон чиз бе охир нест ва ҳар оғозро фарҷом аст. Аз ҷумла, ҳиллаву найранг низ бо вуҷуди “ихтироъкор” будани соҳиби мағз ҳатман ба хати қирмизӣ мерасад. Хуб дар хотир дорем, ки солҳои навадуми асри гузашта маҳз ҳамин “дигарандешон” ҳуқуқу озодиҳои сокинони Тоҷикистонро маҳдуд ва қисме аз онҳоро қатлу беватан карданд. Ҳаводиси баъдӣ собит намуд, ки идома ёфтани фаъолияти онҳо, ки аз хурофот, ҷоҳталабӣ, нотавонбинӣ, бегонапарстӣ ва  ғайра таркиб ёфта буд, танҳо бар зарари мардум аст.

            Бидуни тардид метавон гуфт, ки агар нисбати онҳо мақомоти зиддахли Тоҷикистон сари вақт чораандешӣ намекарданд, пайомадаш барои тоҷику тоҷикистонӣ фоҷиавӣ мегашт. Ҳоло низ нотавонбинон “одат”-и худро тарк накарда, аз хориҷ сӯи Ватан сангандозӣ доранд.

           Мисоли равшани он аъмоли нопоки Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки бо сафсатапароканиаш масхараи рӯи ҷаҳон гардидааст.

           Дар филми навбатии “Хиёнат” бо далелу нақли ҳаводиси асоснок парда аз рӯи ин марди хашину иғвоангез бардошта шуд.  Аҷаб саргузаште!  Баъди тамошои филм хоҳу нохоҳ нафрати кас ба ин қабил “воизоне, ки ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд, чун ба хилват мераванд он кори дигар мекунанд” бедор мешавад. Он қадар ба берӯйӣ ва хушунат доду фарёд дорад, ки нафари сиёҳро аз сафед фарқ мекарда, дилаш натанҳо аз ӯ, балки сомонаҳои иҷтимоии дурӯғпардоз ба якборагӣ мемонад.

            Чуноне дар филм нақл мешавад Муҳаммадиқбол ҳанӯз дар айёми тифлӣ дар муҳити носозгор тарбия гирифта, дар шарёни ӯ хуни инсонбадбинӣ, фисқу фасод, кибру такаббур ҷорист. Падараш Садриддинов Қаландар, ки то тарки Ватан карданаш дар шаҳри  Қурғонтеппа (ҳозира Бохтар) бо аҳли оилааш ба сар мебурд, дини мубини исломро ба худ дастак карда, давр мерондааст. Ӯ яке аз фаъолтарин назҳатиҳое будааст, ки мардуми тоҷикро ба ҷанги таҳмилӣ кашида, пас аз шикасти қувваҳои мухолифин ба хориҷи кишвар гурехт. Ва дар филм ошкор карда шуд, ки Мулло Қаландар тавассути ақидаҳои нопоку зиддидавлатиаш соли 1986 дар ташкил намудани якумин гирдиҳамоии зиддиқонунии рӯҳониёни ифротӣ дар шаҳри Бохтар даст доштааст.

           Тавре дар урфият мегӯянд: “Падар чӣ гуна, писар намуна”.  Фарзанди Мулло Қаландар-Муҳаммадиқбол, ки дар Фаронса зиндагонӣ мекунад, дар маросими ба хок супоридани падар дар шаҳри Варшава, ки аз Фаронса  то Полша “як қадам аст” иштирок накард. Ӯ, ки ба падари хиёнаткори худ хиёнат кардааст, ба дигарон ақл ёд медиҳад, ба Тоҷикистону мардуми он “дилсӯзӣ” менамояд.

           Хуллас, Муҳаммадиқболи Садриддин бо ҳамаи он ҷиноятҳои содиркарда ва ҳарзагӯиҳои беасосу бедалелаш ҳамаи марзҳоро убур карда, дигар имкони бозгашт ба Ватанро аз даст додааст. Бинобар ин бо таблиғоти дурӯғинаш ақлу шуури ҷавонони ноогоҳ, бахусус муҳоҷирони меҳнатиро бо барномаи “Минбари муҳоҷир” дӯздида, ба худ сипар сохтанист.

           Дигар ин ки барои Муҳиддин Кабириҳову Муҳаммадиқбол  Садриддиновҳо барин бахтбаргаштаҳо то ҷаҳон аст аз ҳама кору амали разилтарин, фосиқтарин ва нобахшидатарин нон хӯрдану туф кардан ба намакдон, носипосӣ ба зодгоҳ, диёр, кишвару миллат буд ва ҳаст. Дар Варшававу Олмон ё Фаронсаву Амрико зиста, аз тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ бад кардани давлату миллати тоҷик дигар ба “дардашон” намехӯрад, зеро дарди онҳо, ки ватанфурӯшӣ ном дорад, бедавост. Шояд олимони соҳаи тандурустӣ дар ниҳояти кор табобати коронавирусро пайдо кунанд, вале дарди шуморо аз давраи “Одам то ба ин дам” касе муолиҷа накардааст.

         Бо ин дард хоҳед мурд.

Беҳрӯз Абдуфаёзов, ноҳияи Тоҷикобод      

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code