САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…  

            Ба пешвози ҷашни Сада дар ноҳияи Тоҷикобод дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бо иштироки муовини аввали раиси ноҳия Рамазонзода Зулфиқор намояндагони мақомоти иҷроия, кормандони ташкилоту идораҳо ва мардуми сарбаланди ноҳия чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ анвоъи гуногуни маҳсулотҳои хоҷагии халқ  ва техникаҳои кишоварзӣ, инчунин маҳсули дасти ҳунармандон ба маърази тамошо гузошта шуд.

            Зимни баромади хеш муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Рамазонзода Зулфиқор аз таърихи ин ҷашни аҷдодӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати истиқлолияти бадастомада ва сарвари хирадманди он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди Сада аз нав эҳё гардида, чанд сол боз онро мардуми ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи октябри соли 2017 ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту илова дохил намуд, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 30-юми январ яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми тоҷик ҷашни Сада дар ҷумҳурӣ таҷлил мегардад.

                 Яъне баъди расидан ба Истиқлолият ва озодӣ дар Тоҷикистон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки онҳо садсолаҳо аз назари халқ дур буданд, таҷлили баъзеашон манъ гардида, қисми дигарашон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд. Ин ҷашнҳо танҳо дар хотираи таърихиву фарҳангии халқамон боқӣ монда буданду халос. Ҳатто таърихи халқи тоҷик мукаммал омӯхта намешуд, қисми зиёди одамон дар бораи қавму қабилаҳои ориёӣ, шоҳони пешин, давраҳои тиллоии давлати тоҷикон, муборизаҳои фидокоронаи фарзандони ин давлати  номвар ба муқобили аҷнабиён ва даҳҳо ҳодисаву рӯйдодҳои дигари гузашта маълумот надоштанд. Бо шарофати Истиқлолият ва ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани шахсияти ватанхоҳу ватандӯст ва худогоҳу худшинос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳувияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, инчунин муроҷиат ба осори пешин ва зинда намудани чеҳраҳои таърихиву фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик ба ҷойи аввал баромад. Бо таълифи асари бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забон – ҳастии миллат» ва китобу мақолаҳои зиёди муҳиму дорои хусусияти ватандӯстона Пешвои миллат исбот намуданд, ки халқи тоҷик таърихи ниҳоят куҳан дорад ва фарзандони баномус ва бузурге дар ин сарзамин умр ба сар бурдаанд, ки номашон на танҳо дар оинаи таърих, балки офаридаҳояшон барои башарият хидмат намудаанд. Дар асоси ҳамин ишораҳои ватандӯстона омӯзиш, таҳқиқ ва ҷустуҷӯҳои бостоншиносиву мардумшиносӣ дар ҷумҳуриямон бо диди нав оғоз шуд ва тайи ду даҳсола натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овард.

              Мувофиқи маъхазҳои таърихӣ, иди Сада таърихи аз 3 то 5 ҳазорсоларо доро мебошад. Калимаи Сада аз забони мардуми ориёӣ гирифта шуда, оташро ифода менамояд. Дар таърих аввалин подшоҳе, ки иди Садаро ҷашн гирифтааст, Ҳушанг мебошад. Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимии мардуми ориёинажод  буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукӯҳ, бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзӣ, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешуд. Таҷлили ин ҷашн ҳанӯз аз асрҳои миёна роиҷ буда, ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз зикр мегардад. Аз замонҳои қадим Иди Сада 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, яъне рӯзи 10-уми баҳманмоҳ мувофиқ ба ҳамин сана яъне  30-юми январ ҷашн гирифта мешуд.

              Дар чорабинии мазкур кормандони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи ҳунарӣ ва рақсу таронаҳои дилнишин хотири иштирокдоронро шод намуданд.  Дар фаровард аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия ба як қатор деҳқонон ва ҳунармадони фаъоли ноҳия, ки маҳсули дастони  худро ба маърази тамошо гузошта буданд, ифтихорнома ва мукофотҳо тақдим гардид.                                                                                                                                                         Сада ҷашни мулуки номдор аст,                                                                     Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code