ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ДАР ТОҶИКОБОД 

             Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод баҳри амалӣ намудани амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 27-январи соли 2020, таҳти №АП-1332  бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»,  ки аз 30 декабри соли 2020 дар таҳрири нав тасдиқ гардидааст чораҳои зарурӣ роҳандозӣ мегардад.

            Ҷиҳати иҷрои банди 21 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар ошхонаи «Сурхоб»- и ноҳия озмуни «Дастархонороӣ» баргузор гардид. Дар чорабинӣ масъулини мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳалла, ва занони фаъоли ноҳия иштирок намуданд.

  

             Аз тарафи масъулини панҷ ҷамоат, бо риояи анъанаҳои миллӣ бо истифодаи сарфакории моҳирона ва ҳунармандона дастархонҳои идона ороста гардид. Дар озмун 20 нафар кадбонуҳои моҳир аз ҷамоатҳои деҳот иштирок доштанд, ки ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

    

            Озмуни мазкур аз тарафи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, мақсади баргузории он эҳё ва тарғиби таомҳои миллӣ, ҳамагонӣ намудани он ва баланд бардоштани маданияти дастархонороии тоҷикон гуфта мешавад. Озмун дар се давр гузаронида шуда дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад ва беҳтаринҳо бо туҳфаҳои пулӣ ва молӣ сарфароз мегарданд.

     

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code