Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесу»  

            Дар ноҳияи Тоҷикобод даври дуюми Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид. Дар фестивали мазкур муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Назризода Маҳмадтоир Мудири бахши зан ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Гадозода Меҳринисо ҳайати ҳакамон ва дигар шахсони мутасаддӣ иштирок намуданд.

           Мақсад аз баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанг, суннату анъанаҳои неки ниёгон ва арзишҳои миллӣ маънидод мегардад. Ҳадафи дигари он тарғибу ташвиқи зебоипарастӣ миёни духтарону бонувон ва ба ин васила рӯи кор овардани корхонаҳои хурди истеҳсолии шонасозиву оинасозӣ, сурмапазиву қаламҳои ороишӣ, кошонаи ҳусну машшотагӣ ва ҷалби сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар ба шуғлу касбомӯзӣ мебошад.

   

           Багузории Фестивали мазкур имкон медиҳад, ки паҳлӯҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани парваришу ороиши рӯйю мӯй, ҳунари волои машшотагӣ ва пардози рӯйю мӯй муаррифӣ гарданд. Дар баробари ин санъати аслии шонатарошию сурмапазӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мӯйбофию ҷамолакбандӣ, зулфандозию пӯпакбофӣ ва кокулбандӣ роҳандозӣ гардида, мавриди баҳрабардории ҳамагон қарор гирад ва ҳунари беҳтарини ороишгарон, кошонаҳои ҳусн, машшотаву ҳунармандон муаррифӣ карда шавад.

           Фестивали «Чакомаи гесӯ» аз ҷумлаи ин барномаҳост, ки бо мақсади бедор кардани ҳисси зебоипарастӣ дар замири занон, баланд бардоштани завқи бонувон нисбат ба фарҳанги либоспӯшӣ, дур будан аз бегонапарстиву хурофот ва пос доштани арзишҳои миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

  

    

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code