КИТОБИ    «ТОҶИКОН» БА ТОҶИКОБОД РАСИД  

              Бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда мешавад. Ин иқдом аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардида, имрӯз яъне 20- уми феврали соли 2021 корвони иборат аз 7000 китоби «Тоҷикон» ба ноҳияи Тоҷикобод расид.

             Ин туҳфаи арзишманди Пешвои миллатро намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури раисони ҷамоатҳои деҳот ба ҳар оила  тақдим менамоянд. Мардуми сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод ин иқдоми Пешвои миллатро ҳамчун  туҳфаи гаронарзиш, сарчашмаи донишу  хирад ва баҳри наслҳои имрӯзу фардо ҳамчун манбаи беназири худшиносӣ қабул намуданд. Зеро китоби «Тоҷикон» аз рӯзгори гузаштаи ниёгон барои насли имрӯз ҳикоят мекунад ва роҳи ояндаро мунаввар месозад.

  

             Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Китоби «Тоҷикон»  соли 1972 ба забони  русӣ,  солҳои 1983 ва 1985 ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардидааст. Ин китоб дар илми таърихшиносии ватанию хориҷӣ шуҳрати бузург касб кардааст. Чунки муаллифи он таърихи халқи  тоҷикро дар пояи консепсияи мукаммали илмӣ таҳқиқ карда, аз маводҳои фаровони таърихӣ, этнографӣ, лингвистӣ, бостоншиносӣ ва мадраку манбаҳои зиёди таърихӣ истифода бурдааст. Аллома Бобоҷон Ғафуров тавассути ин шоҳасари худ тоҷиконро ба ҷаҳониён ба таври мукаммал муаррифӣ намуда, дар асоси  сарчашмаҳои илмӣ нақши онҳоро  дар рушди  тамаддуни башарӣ арзишманд арзёбӣ кардааст. 

     

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code