ИСТИКБОЛИ ГАРМИ СОКИНОН АЗ ТӮҲФАИ ГАРОНАРЗИШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ           

             Туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби «Тоҷикон» ба ҳар як хонадони  мардуми ноҳияи Тоҷикобод дастрас гардид.

             Ин иқдоми хирадмандонаи Пешвои миллат мардуми ноҳияи Тоҷикободро хело рӯҳбаланд намуд. Туҳфаи  арзишманд ва гаронбаҳо, ки бозгӯкунандаи таърих ва маданияти халқи тоҷик дар тули қарнҳо маҳсуб меёбад, дар арафаи истиқбол аз таҷлили 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 – солагии таъсисёбии ноҳияи Тоҷикобод  ба ҳар як хонаводаи ноҳия расонида шуд.

   

             Ба андешаи сокинон тақдими асари безаволи «Тоҷикон» имкон медиҳад, ки насли ҷавон ва ояндасози миллат зимни мутолиаи он бо таърих, маданият, урфу одат ва давлатдории ниёгони худ шинос гардида, аз гузаштаи пурфоҷиа ва хирадсолории миллати кӯҳанбунёди тоҷик огоҳ гарданд.

  

             Китоби «Тоҷикон» шоҳасарест, ки  панде аз гузаштаи дури халқи қадимаи ориёнажод дода, роҳи оянда ва бидуни хатокориҳоро ба мо меомӯзад. Иқдоми наҷибу маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат бешак барои  дар руҳияи худогоҳӣ ва худшиносии комил ба воя расидани насли наврас мусоидат менамояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code