Таҷлили ҷашни Артиши миллӣ  

            Бахшида ба 28-умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос масъулини мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ, кормандони комисариати ҳарбӣ  собиқадорони ҷангу меҳнат иштирок намуданд.

 

              Раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос ҷамъомадагонро ба ин санаи муҳим шодбош гуфта, қайд намуданд, ки яке аз дастовардҳои беназири солҳои  соҳибистиқлолии   мамлакат ин таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таъсисёбии Артиши миллӣ дар солҳое сурат гирифт, ки ҷумҳурӣ дар вазъияти душвори ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Бо вуҷуди ин бо саъю талошҳои Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллӣ такомул ёфта, имрӯзҳо ба яке аз ниҳодҳои пуриқтидор табдил ёфтааст. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дорои Артиши мусаллаҳу мукаммали миллӣ буда, ҷавонони ватандӯсти кишвар барои ҳимояи марзу буми аҷдодӣ омода мебошанд. Зеро Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст. Ватан ва Модар ин ду мафҳум барои ҳар як шахси бошарафи диёр азизу муқаддас мебошад.

            Дар чорабинӣ ҳамчунин  комиссари Комиссариати ҳарбии ноҳия Далер Раҳимов, раиси собиқадорони меҳнат Абдусамад Идрисов, мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Иброҳим Нусратов ва сарбозону афсарони аз хизмати ҳарбӣ баргашта суханронӣ намуда, аз таърихи таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз садоқат ва диловарии ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шароити будубоши афсарон дар қисмҳои низомӣ, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он суханронӣ намуданд.

      

            Дар фароварди чорабинии мазкур як катор кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷанговарони интернатсионалист ва афсарону сарбозон бо медалу ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳо сарфароз гардонда шуданд. Дар қисмати поёни чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳо ва саҳнаҳои адабӣ, ки тараннумгари меҳру садоқат ба Модар-Ватан мебошанд, хотири хозиринро шод гардониданд.

  

  

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code