30 –СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД

             26 феврали соли 1991 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияиТоҷикобод ташкил карда шуд. Инак аз таъсисёбии он 30 сол сипарӣ шуд. Дар ин марҳилаи на чандон тулонӣ симои ин диёри биҳиштосо куллан дигар гардида, дар рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ  тағйиротҳои куллӣ ба миён омаданд.

                 Бо ин мақсад дар бинои шуъбаи фарҳанги ноҳия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад муовини аввали раиси ноҳияи Тоҷикобод Рамазонзода Зулфиқор намояндагони Мақомоти иҷроия, ташкилоту муассисаҳо  собиқадорон ва шахсоне, ки дар рӯзҳои аввали таъсисёбии ноҳия саҳми худро гузоштаанд  иштирок намуданд. 

    

            Сараввал табрикоти раиси ноҳияи Тоҷикобод, ки дар сафари хизматӣ қарор доштанд аз ҷониби муовини аввал қироат гардид. Раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос тамоми мардуми ноҳияро ба муносибати 30-умин солгарди таъсисёбии он табрику муборакбод намуда, расидан ба комёбиҳои нав ба навро дар корҳои бунёдкорию созандагӣ орзӯ намуданд. Ҳамчунин қайд намудаанд, ки бо таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар давоми 30 сол дар ҳама самтҳо ободкориҳо рӯи кор омаданд ва симои ноҳия ба куллӣ дигаргун гардидааст. Нӯҳ сафари хизматии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1994, 2000, 2003, 2008,2009, 2010, 2013, 2016, 2019) барои рушду нумуи ноҳия уфуқҳои навро боз намуд. Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2017 деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Тоҷикобод ба категорияи шаҳрак мансуб дониста шуд, ки далели гуфтаҳои болост. Тӯли 30-соли мавҷудияти ноҳия мардуми шарифи Тоҷикобод ҳамеша дар атрофи сиёсати роҳбарияти Олии сиёсии кишвар, зич муттаҳид буданд ва барои ба қатори ноҳияҳои пешрафтаи мамлакат табдил додани диёри хеш садоқатмандона меҳнат карданд. Дар ин давом даҳҳо биноҳои хуштарҳу замонавӣ аз қабили биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимӣ, шоҳроҳи байналмилалӣ, пули азими «Ваҳдат, боғи «Муқаддасоти миллӣ» (Парчам ва Нишони давлатӣ), марказҳои хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ қомат афрохта имрӯзҳо дар дигар иншоотҳо вобаста ба истиқболи сазовори Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ идома доранд. 

                    Таъсисёбии ноҳияи Тоҷикобод, ки пештар дар ҳайати ноҳияи Ғарм қарор дошт мушкилоти мардуми ин минтақаро хело осон намуд. Мардум аз як ҷиҳат аз мушкилоти дурии роҳ то ноҳияи Ғарм, ки 60 километрро дар бар мегирад раҳои ёфта аз ҷиҳати дигар бо ташкил гардидани ҷойҳои нави корӣ имкониятҳои хубе барои сокинон  фароҳам гардид.

                Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз сафарҳои хидматиашон ба ноҳия иброз дошта буданд: «Тоҷикобод дар ҳақиқат диёри биҳиштосо буда, номи хело зебо дорад, ки он ҳамрадифи номи миллат ва номи Тоҷикистони азиз, ҳамсоли даврони соҳибистиқлолии кишвар аст. Дар Тоҷикистон як ноҳия номи миллатро дорад ва масъулияти тоҷикободиҳо бояд бештар бошаду бо ин ном ифтихор намоянд».

              Воқеан имсол барои дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани ҷашни  Истиқлоли давлатӣ  масъулияти мардуми ноҳия бояд дучанд бошад.

                   

              Дар чорабини муҳарири рӯзномаи  «Паёми Тоҷикобод» Баҳодур Абдусаторзода,  раиси собиқадорони меҳнат Абдусамад Идрисов, директори МТМУ № 13 Суҳроб Ваҳҳобниё , мудири шуъбаи зан ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Меҳрӣ Гадозода ва Сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия Ҳоҷиқурбон Сироҷов  бо маърузаҳо баромад намуда, оид ба рӯзҳои аввали таъсисёбии ноҳияи Тоҷикобод, заҳмату талошҳои роҳбарияти онвақтаи ноҳия, ва ободкорию дастовардҳои бесобиқа дар давоми 30 сол маълумотҳои муфассалро баён намуданд.

             Дар фароварди чорабинӣ ба собиқадороне, ки дар ободии ноҳия саҳм гузоштаанд туҳфаҳо тақдим гардида,  барномаи ҷолибу рангини фарҳангӣ, иборат аз суруду таронаҳои дилнишин пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.

         

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code