ТАҶЛИЛИ «РӮЗИ МОДАР»
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола бо фарорасии фасли зебои баҳор 8 март ҳамчун Рӯзи Модар дар саросари ҷумҳурӣ бо шаҳомати хосае таҷлил мегардад. Воқеан ба оғози фасли баҳор рост омадани ин иди бонувон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат, сарсабзию таровати онро дучанд меафзояд. Зан- Модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонадон аст.
Ба ин муносибат яъне Рӯзи модар дар толори шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос бонувонро табрику муборакбод намуда, қайд намуданд, ки нақши занони ноҳия имрӯз дар тамоми соҳаҳо назаррас буда, сол то сол дар ҳаёти ҷамъиятии ноҳия фаъол мегарданд. Айни ҳол дар ноҳия 18 нафар занону духтарон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият менамоянд, ки аз шумораи умумии онҳо 6 нафарашон хизматчии давлатӣ мебошанд. Аввалин бор дар таърихи ноҳия аз ҳисоби занони фаъол 16 нафар ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия интихоб гардиданд. Фаъолияти занони ноҳия дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф низ назаррас арзёбӣ гардид. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф 156 тандурустӣ 320 фарҳанг 18 ва соҳаи кишоварзӣ 220 нафар занони фаъол машғули кору фаъолият мебошанд.
Воқеан имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки мураббии наслҳо, сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан ва ҳамшираи шафқатро мебинад. Дар баробари ин мавқеи занонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат таҳким бахшида, барои истифодаи нерӯи ватанхоҳиву бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошт, яъне барояшон майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномиро муҳайё сохтааст.
Дар ҷамъомад бархе аз занони роҳбарикунанда ва фаъол баромад намуда, аз дастгирию таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати занону модарон ёдвар шуданд. Дар поёни чорабинӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, занони фаъол бо мукофотҳо қадрдонӣ гардида, барномаи идонаи ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия иборат аз суруду таронаҳо дар васфи зан-модар пешкаши ҳозирин гардонида шуд.