Таҷлили Рӯзи матбуот дар Тоҷикобод                

             Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба Рӯзи матбуот ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

            Дар ифтитоҳи чорабинӣ раиси ноҳия Фақерзода Қадриддин Аббос рӯзноманигоронро ба муносибати рӯзи касбиашон табрик намуда, дар кори эҷодиашон барору комёбӣ таманно намуд. Зимни суханронӣ аз ҷумла зикр гардид, ки саҳми рӯзноманигорон дар инъикоси ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҷомеа назаррас мебошад. Дар замони мусоир, ки таъсиррасонии иттилоот дар  ташаккули афкори омма басо бузург аст, нақши васоити ахбори омма муҳим арзёбӣ гардид.

              Дар чорабинӣ хабарнигорон ба сухан баромада,  ваъда доданд, ки рисолати рӯзноманигориро пос дошта, ҳамеша кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, ки воқеотро ҳақиқатнигорона инъикос намоянд. Дар поёни чорабинӣ гурӯҳи журналистон, мухбирони минтақавӣ ва ҷамоавӣ аз номи роҳбарияти ноҳия бо ифтихорнома  ва туҳфаҳо сарфароз гардиданд. 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code