Маҳфили «Ширу шакар» дар Тоҷикобод

            Дар арафаи наврӯзи хуҷастапай бо ибтикори Итифоқи нависандагон ва композиторон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар ноҳияи Тоҷикобод маҳфили ширу шакар баргузор гардид. Маҳфили мазкур бо  иштироки  муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, адиби шинохта Муҳтарам Ҳотам ва ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод сурат гирифт.

            Дар оғози маҳфил раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос адибонро хайрамақдам намуда, аз дастовардҳои ноҳия  дар соҳаи фарҳанг дар замони соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шуданд. Сипас, адибон аз ашъори тозаэҷоди худ, дар васфи Модар-Ватан, Наврӯз ва табиати биҳиштосои диёр порчаҳо қироат намуда, аз сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рисолати адиб дар ҷомеаи имрӯза суханронӣ намуданд.

            Дар чорабинии адабӣ  муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа иброз дошт, ки «дар ҳошияи ҷашни Наврӯзи Аҷам бо супориши бевоситаи Пешвои миллат ва фаъолияти ниҳодҳои марбута имсол як силсила барномаҳо ба нақша гирифта шуда, аксари онҳо пешниҳоди дӯстдорони шеъру суруд гардонида шуданд. Ҳамоиши имрӯза давоми ҳамон силсилабарномаҳои наврӯзӣ буда, мо ҳоло бо ашъори тозаи наврӯзии шоиронамон  шинос мегардем».

            Ҳамчунин дар маҳфил адиб Муҳтарам Ҳотам  бо ашъори тозаэҷод хотири иштирокчиёнро болида гардонида, иброз дошт, ки вожаи муқаддас- Тоҷикистонро бисёр дӯст медорад. Зеро ин вожаест, ки дар наво ва садояш накҳати ҳазорон гулу гиёҳ, покию таровати обҳои зулол ва хониши дилангези булбулонро дорад.

            Дар ин маҳфили идона, ки ба пешвози 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва ҳунармандони ансамбли тарона ва рақси “Баёзи кӯҳистон” аз ашъори шоирони номбурда суруду таронаҳои рангинро  пешкаши ҳозирин намуданд, ки ба маҳфил ҳусну таровати тоза бахшид. 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code