ҲАШАРИ УМУМӢ
Дар доираи омодагиҳо бахшида ба 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Тоҷикобод ҳар рӯзи шанбе ҳашарҳои дастаҷамъӣ ташкилу гузаронида мешаванд.
Рӯзи 20 –уми марти соли ҷорӣ дар панҷ ҷамоати ноҳияи Тоҷикобод аҳолӣ ба ҳашарҳои умумӣ баромада ба ободии кӯчаву маҳали зисти худ машғул гаштанд.
Мардум бо як руҳияи баланди масъулиятшиносӣ бо тоза намудани атрофи ташкилоту муассиса, гулгаштҳои боғи фарҳангию фароғатӣ, атрофи шоҳроҳи байналмилалӣ ва майдони парчаму нишони давлатӣ инчунин шинонидани ниҳолҳои сояафкану ороишӣ дар ободу зебо намудани маркази ноҳия низ саҳми муносиб гузоштанд.