Баргузории мусобиқаи гуштингирӣ

           Дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар Варзишгоҳи марказии ноҳия  бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ маъракаи гуштини миллӣ баргузор гардид.

           Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос меҳмонон аз маркази ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои минтақаи Рашт ҳузур доштанд. Пеш аз оғози чорабинӣ Раиси ноҳия меҳмонон ва ҳозиринро ба муносибати Наврӯзи аҷам табрик ва муборакбод намуда ба як қатор собиқадорони гуштини миллӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

           Сипас гуштини миллӣ байни паҳлавонон оғоз гардид. Дар чорабинии варзишӣ паҳлавонон аз ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, Лахш ва Сангвор инчунин аз дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок  ва қуваозмоӣ намуданд. Рафти гуштини миллӣ нишон дод, ки мардум бо руҳияи болида дар фазои сулҳу субот аз тамошои он лаззат бурда, паҳлавонон байни ҳам сабқати хуб нишон доданд.

           Ғолибон аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бо туҳфаҳои пуливу молӣ қадрдонӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code