ИСТИҚБОЛИ НАВРӮЗ
Субҳи барвақт, пиру барнои ноҳияи зебоманзари Тоҷикобод барои таҷлили ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар боғи фарҳангию фароғатии маркази ноҳия ҷамъ омада, қудуми нахустини фасли баҳорро бо баргузории тантанаҳои наврӯзӣ истиқбол намуданд. Дар намоиши дастовардҳои аҳли заҳмат ва ҳунармандони ноҳия, ки қабл аз оғози чорабинии тантанавӣ доир гардид, маҳсулоти ташкилоту корхонаҳо, дастранҷи кишоварзон ва ҳунармандони мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дастурхонҳои идонаи ҳафт-сину ҳафт- шин, таому шириниҳои наврӯзӣ тибқи таомули мардуми маҳаллӣ саҳни намоишгоҳро зеб медод. Дар он маҳсулоти ташкилоту корхонаҳо, дастранҷи кишоварзон ва ҳунармандони мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дар назди ҳозирин арӯси сол-Маликаи Наврӯз дар ҳалқаи гулдухтарони атласпӯш гаштугузор намуда, аз омадани фасли зебои сол башорат медод.
Роҳбарияти ноҳия ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ сокинонро ба муносибати ҷашни байналмиллалии Наврӯз табрик намуда, қайд намуданд, ки ноҳияи Тоҷикобод бо дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ сол то сол ободу зебо мегардад. Қайд гардид, ки бунёди якчанд иншоотҳои бузург дар замони истиқлолият ба монанди пули азими Ваҳдат, шоҳроҳи байналмиллалӣ, ки тавассути ноҳия мегузарад, варзишгоҳи дорои беш аз 6 ҳазор ҷои нишаст, меҳмонхонаи сеошёнаи замонавӣ ва чандин иншоотҳои хурду бузург симои ноҳияро дигаргун намудаанд. Имрӯзҳо, ки мардуми заҳматқарини ноҳия ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд, Наврӯзи имсоларо бо як рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ таҷлил намуданд.
Барномаи идонаи ансамбли тарона ва рақси “Баёзи кӯҳистон” иборат аз суруду таронаҳои наврӯзӣ, ки пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ба ҷашни баҳори оламафрӯз шукӯҳу шаҳомати хосса бахшид.