ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ТОҶИКОБОД
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод (даъвати шашум) натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ – иқтисодии ноҳияро дар семоҳаи якуми соли 2021 баррасӣ намуд.
Иҷлосияро раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Қадриддин Фақерзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, рӯзномаи маҷлис, аъзои раёсат, котибот ва комиссияи тафтишотиро ба овоз монд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома доир ба омодагиҳо ба кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ сардори раёсати кишоварзии ноҳия Сафаралӣ Ҳакимов баромад намуда, аз нақшаҳои кишти зироатҳо дар мавсими имсола, захираи тухмиҳо, зарурати афзун намудани майдони кишти картошка ба таври муфассал суханронӣ намуд. Аз тарафи раиси Маҷлиси вакилон доир ба сифати тухмиҳо, сафарбар намудани ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳо барои кишти картошка, омода намудани каналҳо мароқ зоҳир карда шуд.
Аз рӯи масъалаи дуюм, муовини раиси ноҳия Маҳмадтоир Назризода доир ба натиҷагириҳо аз мавсими зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва рафти таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ҳамагонӣ гузориш пешниҳод намуд. Зимни муҳокимарониҳо аз натиҷаи мавсими зимистонгузаронӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуда, доир ба вазъи компютеркунонӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ташкили кабинетҳои фаннӣ ва ба роҳ мондани корҳои ободонӣ дар гирду атрофи биноҳои таълимӣ изҳори нигаронӣ карда шуда, баҳри ислоҳи он ба роҳбарияти шуъбаи маориф супоришҳои мушаххас дода шуд.
Зимни баррасии масъалаи сеюми рӯзномаи иҷлосия дар гузориши муовини якуми раиси ноҳия Зулфиқор Рамазонзода рафти корҳо дар иншоотҳои ҷашнӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт. Дар ин зимн аз соҳибкорон ва ташаббускорони баъзе деҳот, ки дар бунёди якчанд иншоотҳо, аз қабили синфхонаҳои иловагӣ, хати оби нӯшоӣ, бунгоҳи тиббӣ, ҳаммом-сауна ва якчанд марказҳои тиҷоратӣ саҳм гузоштаанд, изҳори сипос карда шуд. Ҳамзамон ба масъулин барои дар мӯҳлатҳои муайяншуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани иншоотҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Дар назди вакилон мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроия Хайрулло Миршоев аз рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳия ҳисобот пешниҳод намуд. Дар ҳисобот қайд гардид, ки татбиқи қонуни мазкур дар солҳои охир натиҷаҳои мусбат ба бор оварда, боиси ғанӣ гардидани буҷети оилаҳо, сарфа гардидани маблағу чорво ва обод гардидани кӯчаю маҳалаҳо дар ноҳия гардидааст. Зикр гардид, ки бо вуҷуди пешравиҳо аз тарафи баъзе аз сокинон зимни баргузории маъаркаҳо ба зиёдаравӣ роҳ дода мешавад. Дар ин самт ба масъулини бахшҳои танзими ҷамоатҳо, раисони деҳаҳо ва фаъолон дастур дода шуд, ки назоратро зимни баргузории маросимҳо пурзӯр намоянд.
Бо ҳамин Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод (даъвати шашум) кори худро ба анҷом расонид.