МАШВАРАТИ ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар толори шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод дар мавзӯи «Пешгирии раванд ва ҳолатҳои номатлуб дар миёни наврасону ҷавонон ва занону бонувон» семинар – машварат доир гардид.
Дар кори семинар-машварат раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Абдулмаинзода, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусамадзода ва раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос иштирок ва суханронӣ намуданд.
Семинар-машваратро роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Акбарзода Назрвалӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба ин ноҳияи дурдасти кишвар хайрамақдам намуд.
Сипас, раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос ба сухан баромада, зикр намуд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод дар рушди ваҳдати миллӣ, мустаҳкам гардонидани пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ азму иродаи қавӣ зоҳир менамоянд. Сокинони ноҳия ҳамроҳ бо халқи азизи кишвар бо ҳидоятҳои зиндагисози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври шоиставу арзанда истиқбол гирифта, ба ин васила дар тарбияи фарҳанги сиёсӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллии ҳар сокини ноҳия саҳми арзанда мегузоранд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам аз роҳи тӯлонӣ ва пурмашаққати расидан ба ин рӯзҳои осоишта ва саҳми Пешвои муаззами миллат дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, вазифаҳои муҳими давлату Ҳукумат ва ҷавонон дар корҳои ободонии кишвар, бо самимият ба таври муфассал сухаронӣ намуд.
Хусусан, аз суханони Пешвои муаззами миллат, ки «мо бояд шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмиллалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем», ёдовар шуда мардуми ин гӯшаи диёрро ба муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои миллат барои ояндаи дурахшон даъват намуд.
– Рисолати Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки баробари густариши раванди сулҳу субот, дар эҳёи ҷомеаи мутамаддин мардумро роҳнамо бошад – таъкид намуд Рудобаи Мукаррам.
Дар баромади муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Абдулмаинзода қайд гардид, ки занону бонувон қишри зиндагисози ҷомеа ба шумор рафта, чигунагии афроди ҷомеа ба тарбияи накӯи зан-модар вобаста аст. Аз ин рӯ, барои соҳибмаълумот намудани духтарон, бахусус бо истифода аз квотаи ҷудонамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби занон ба корҳои роҳбарикунанда диққати хосса бояд зоҳир гардад. Дар суханронӣ бобати роҳ надодан ба таассубу хурофотпарастӣ ва пешгирии равандҳои номатлубу зараровари ҷомеа таъкидҳо шуда, зимнан ба масъулини соҳа дастурҳои мушаххас дода шуд.
Муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Азизулло Мирзозода дар семинар машварат доир ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моҳияти татбиқи қонун, чораҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати беҳтар шудани шароити зоирин зимни адои ҳаҷ, масоили риояи расму русуми миллӣ ва роҳ надодан ба бегонапарастӣ суханҳои муфид баён намуданд.
Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ дар назди ҳозирин баромад намуда оиди сифати таълиму тарбия, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», мушкилоти соҳаи маориф ва роҳҳои ҳали онҳо фикру тавсияҳои судманд баён намуд.
Дар баромади муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусамадзода зикр гардид, ки сиҳатию тандурустии омма дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад. Зимнан перомуни пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус бемории Ковид -19, зарари никоҳи хешутаборӣ, муоинаи ҳатмии муҳоҷирони аз хориҷ баргашта ва чораҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ бобати рушди соҳаи тандурустии кишвар баррасӣ гардиданд.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ таъкид месозанд, ки дар сурати пешгирӣ накардан ҳама гуна равандҳои номатлуби замони муосир ба ҷомеа хатари ҷиддӣ ба бор меоранд. Таъкидҳои Пешвои миллат: – «Насли ҷавон, ки ояндаи Ватан ва неруи бузурги кишвар мебошанд, бояд роҳи дурустро дар зиндагӣ интихоб намоянд ва барои ободу шукуфо кардани меҳани аҷдодӣ талош варзанд» – бояд шиори роҳнамунсози ҷавонон бошанд.
Дар поёни чорабинӣ як қатор фаъолони ноҳия ба сухан баромада, аз сиёсати ваҳдатофари Пешвои муаззами миллат ва дастовардҳои замони истиқлол дар ноҳия бо шукргузорӣ ҳамовозии худро изҳор намуданд.