ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АМАЛӢ МЕГАРДАНД.

          Дар ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 29 апрели соли 2021 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, кишти зироатҳои лубиёгӣ, истеҳсоли захираи зарурии маводи хурока, чораҳои амалӣ андешида мешавад.

           Тибқи иттилои муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Бахтиёри Ҳақназар дар ноҳия кишту кори баҳорӣ махсусан кишти картошка бомаром идома дошта,  дар хоҷагиҳои деҳқонӣ 192,53 гектар дар заминҳои аҳолӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон (президентӣ) 367,54 гектар яъне дар маҷмуъ дар майдони 560,07 гектар замин, ки 26,8 % -и дурнаморо ташкил медиҳад кишти картошка гузаронида шудааст.

          Бо мақсади таъмини тухмии картошка то имрӯз  тавассути соҳибкорон ба ноҳия аз шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва  ноҳияи ҳамсояи Лахш  зиёда аз 2935 тонна тухмии картошка ворид карда шуд. Имрӯзҳо хоҷагидорон бо ҷалби соҳибкорон миқдори норасоии тухмиро, ки 320 тоннаро ташкил медиҳад, таъмин менамоянд.  Захираи тухмии зарурӣ дар маҷмуъ миқдори 3 255 тоннаро ташкил медиҳад. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  миқдори 120 тонна тухмии хушсифат ба ноҳия ворид гардида, аз тарафи соҳибкорон низ  ба андозаи зарурӣ тухмии аълосифат ворид гардида истодааст.

           Имсол тибқи супориши Пешвои муаззами миллат 80 фоизи заминҳои обӣ бояд картошка кишт карда шаванд. Бо ин мақсад ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шудааст, ки аз тарафи он дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботӣ ба роҳ монда шуда, соҳибони қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои истифодаи самараноки замин сафарбар карда шуданд. Ҳарчанд дар деҳаҳои баландкуҳ ҳануз кишт оғоз нагардида бошад ҳам вале дар аксари мавзеъҳои ноҳия бо истифода аз ҳавои мусоид кишту кори баҳорӣ бо маром идома дорад. Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ муваззаф карда шудааст, ки бо истифода аз техника ва бо ҷалби аҳолӣ коршоямии каналҳоро таъмин намояд.

           Ба иттилои Бахтиёри Ҳақназар имсол тибқи лоиҳаи “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа” ба ноҳия 7 адад трактор, 1 адад комбайни ғалладаррав ва дигар мошинолотҳо ворид гардиданд, ки ин дастоварди назаррас дар соҳаи кишоварзии ноҳия ба ҳисоб меравад. Воридоти техникаҳои мазкур ва техникаҳои пеш мавҷудбуда барои ба таври самаранок ва ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани мавсими кишт мусоидат менамоянд.

           Ҳамчунин бо мақсади истифодаи самараноки заминҳо, хоҷагиҳои ёрирасон, ташкилоту муассисаҳо, бахусус муассисаҳои таълими ба қадри зарурӣ ба маъракаи кишт фаро гирифта шуданд.

             Ёдовар шудан ба маврид аст, ки соли гузашта бори аввал, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ майдони кишти картошка дар ноҳия ба 1879,7 гектар расонида шуд, ки нисбати соли 2019-ум 793 гектар зиёдтар аст. Дар натиҷаи заҳмати кишоварзон истеҳсоли картошка ба 25 ҳазору 710 тонна расонида шуд. Дар маҷмуъ истеҳсоли картошка назар ба соли пешин ба миқдори  11 ҳазору 633 тонна зиёд гардид. Қобили зикр аст, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 351,2 гектар кишти сабзавот  гузаронида шуда буд, ки заҳмати кишоварзон  натиҷаи дилхоҳро ба бор овард.

           Ҳамаи ин ба андешаи мусоҳиби мо бо истифодаи тамоми захираву имкониятҳо  кишоварзони ноҳияро барои ба даст овардани ҳосили фаровон ва иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус картошка умедвор менамояд.  

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code