76-УМИН СОЛГАРДИ ҶАШНИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ

          Дар ноҳияи Тоҷикобод 76-умин солгарди ҷашни иди Ғалаба бар фашизм дар толори қасри фарҳанги ноҳия бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.

          Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Тоҷикобод  намояндагони мақомоти иҷроия, мақомотҳои қудратӣ собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар қишрҳои ҷомеа иштирок намуданд.

          Дар ҷамъомади тантанавӣ Раиси ноҳия Фақерзода Қадриддин Аббос, раиси ветеранҳои ҷанг ва меҳнат Абдусамад Идрисов, муҳарири рӯзномаи ноҳиявии «Паёми Тоҷикобод» Баҳодур Абдусаторзода,  раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Лутфулло Шифоев комисари комисарияти ҳарбии ноҳия  Далер Раҳимов  баромад намуда аз корнамоиҳо ва шуҷоати қаҳрамонон ва диловарони тоҷик дар сафҳои Армияи Сурх ёдовар шуданд.

          Раиси ноҳия иштирокдоронро ба муносибати 9-Май табрику таҳният гуфта қайд намуданд, ки расо 76 сол пеш тамоми халқҳои собиқ Иттиҳоди шуравӣ аввалин бор ин санаро ҳамчун рӯзи Ғалабаи Армияи Сурх бар Германияи фашистӣ бо тантана таҷлил намуда буданд ва аз ҳамон дам ҳамасола ин санаи таърихӣ ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз ҳеҷ кас ҳақу ҳуқуқ надорад, ки ин бузургтарин ҳодисаи ҷаҳониро инкор кунад ва ё нисбати қаҳрамонӣ, ҷонфидоӣ ва ватандӯстии милионҳо одамони Шуравӣ  носипосӣ намояд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ 27 милион одамони Шуравӣ, аз ҷумла 90 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок гардиданд. Аз маъхазҳои таърихӣ бармеояд, ки дар таъмини ин ғалабаи бузург саҳми мардуми ноҳияи Тоҷикобод, ки он вақт бо номи Қалъаи лаби об маъруф буд беназир будааст. Насли даврони ҷанг чӣ дар фронтҳо, чӣ дар ақибгоҳ мардонагию ҷасорати бемисл нишон доданд. Ду нафар фиристодаҳои ноҳия Ҳайдар Қосимов ва Қудрат Қаюмов барои нишон додани корнамоӣ, лоиқи унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардида, садҳо нафар бо орденҳои баландмақом ва мукофотҳои ҷангӣ сазовор дониста шуданд.

          Дар анҷоми баромадашон раиси ноҳия тамоми мардуми шарифи ноҳияро бо 76-умин солгарди иди Ғалаба бар фашизм табрику таҳният гуфта аз номи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ветеранҳои ҷангу меҳнат туҳфаҳо тақдим намуданд. Дар аноми чорабинӣ барномаи театрикунонидашудаи санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия пешкаши ҳозирин гардонида шуд. 

      

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code