КӮМАК БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Офатҳои табиие, ки дар як қатор навоҳии вилояти Хатлон дар даҳаи аввали моҳи май ба вуқуъ пайваст, сокинони навоҳии водии Раштро низ бетараф нагузошт. Бо ин мақсад аз тарафи аҳолии ноҳияҳои Тоҷикобод, Лахш, Рашт, Нуробод, Сангвор ба сокинони зарардидаи вилоят дар намуди ашёи зарурии рӯзгор, аз қабили либос, пойфзол, курпаю болин, маводҳои хурокворӣ, картошка, пиёз, зарфҳои гӯногӯн ва масолеҳи аввалиндараҷаи сохтмонӣ кӯмакҳои хайриявӣ расонида шуд.
Корвони пурбори мошинҳо, ки беш аз 40 тоннаро ташкил медод бо роҳбаладии бевоситаи роҳбарони навоҳии минтақаи Рашт ба зарардидагони вилояти Хатлон дастрас гардид.
Ёдовар мешавем, ки 11 май дар натиҷаи омадани сел ба сокинони шаҳри Кӯлоб ва навоҳии вилояти Хатлон зарари ҷиддӣ расида, даҳҳо хонаҳои истиқоматии сокинон, садҳо метр роҳҳои мошингарди маҳаллӣ, роҳи автомобилгарди маркази шаҳр хароб гардиданд.