Баргузории озмуни «Андалеб -2021»

            Имрӯзҳо бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ҷумҳуриамон фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб – 2021» идома дорад. Даври аввали фестивал дар ноҳияи Тоҷикобод баргузор гардида ҳунармандони ноҳия бо гирифтани баҳои баланди ҳакамон сазовор гардиданд.

           Мақсади фестивал – озмун сайқали ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи инсон, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ ва аз ҳама муҳимаш пайдо намудани истеъдодҳои нави ҳунар аст. Тоҷикободиҳо, ки замони соҳибистиқлолии кишвар дар ҳамаи фестивал – озмунҳои «Андалеб» бо ҳунари марғуби худ дастболо буданд, ин навбат низ бо шеваи нав, таҷаллии тозаи ҳунар, ки бо баракати сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ муяссар гардидааст, рисолати хешро ба ҷо оварда, бо пешниҳоди як барномаи зебою диданӣ қалбҳоро тасхир сохтанд.

           Дар озмунҳои қаблӣ, дар давраҳои ниҳоии «Андалеб»  солҳои 2001,2004,2006,2008, 2016 низ дастаи ҳунарии ноҳияи Тоҷикобод ҷоизаҳои асосии фестивалро ба даст оварда, сазовори яке аз се ҷойи ифтихорӣ гардида буданд. Сари субҳ ҳайати ҳакамон ба раванди корҳои ободонӣ дар муассисаҳои фарҳангии ноҳия шинос гардиданд. Шарти дигари озмун боздид аз намунаи ҳунарҳои мардумӣ ба ҳисоб мерафт, ки ба муносибати Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2018-2021 аз тарафи ҷамоатҳо ва корхонаҳо ба маърази тамошо гузошта шуда буд.  Ҳайати ҳакамон ба ҳунари гӯлдузию кашидадӯзии чеварон, намунаҳои кандакорӣ ва ҳунари дуредгарии устоҳои чирадаст, нонпазӣ, ашё ва ҷиҳозҳои гунонуни ҳунармандон баҳои  баланд доданд.

           Ровиён бо қироати саломнома меҳмонон ва тамошобинонро ба базми Андалеб хайрамақдам гуфта, бо порчаҳои назмию насрии пурмуҳтаво вобаста ба васфи Истиқлолият Ваҳдат ва таърихи диёр маълумоти ҷолиб доданд. Қисмати бештари шартҳои озмун аз ҷониби ҳакамон сазовори холҳои баландтарин гардиданд. Аз ҷумла, навозиши умумӣ: «Ҷилваи товус» – «Гулбоғ» оҳангҳои Мустафо Шукурзода дар иҷрои гурӯҳи ромишгарон аз тарафи ҳакамон даҳ хол баҳогузорӣ гардид. Рақси яккаи Муъминаи Маҳмадисо (шаҳраки Тоҷикобод) бо номи «Дилфиреб», оҳанги Мустафо Шукурзода толоро ба ваҷд овард ва табиист, ки аз ҷониби ҳакамон якдилона даҳ хол баҳо дода шуд. Навозиши якка бо дутор дар иҷрои Абдураҳмон Мадхолов 9,8, суруди анъанавии «фалак» дар иҷрои Зайнабибӣ Аҳмадҷонова 9,6, бадеҳа дар иҷрои Муҳаммад Абдиев ва Сабринисо Додарбекова 9,2, порча аз анъанаҳои мардумӣ дар иҷрои Айниддин Тошназаров, Шариф Раҳимов, Муҳаммад Абдиев ва Додарбек Абдуллоев 9,2, саҳначаи ҳаҷвӣ дар иҷрои гурӯҳи ҳаваскорон 9,4, суруди якка дар иҷрои Самрат Мирзоев 9,2 холи баҳо гирифтанд. Суруди ҳамасароён – аккопелла сазовори 9, хол, суютаи овозию рақсӣ дар иҷрои гурӯҳи духтарон ва овозхонон 8,4 холи баҳо гирифтанд. Ҳамчунин аз рӯи шартҳои озмун барои таваҷҷуҳи доими ба соҳаи фарҳанг ба раиси ноҳия муҳтарам  Фақерзода Қ.А имтиёзи баландтарин 5 хол муносиб дониста шуд. Дар ин зимн ҳакамон барои ободонии муассисаҳои фарҳангӣ 8 хол доданд.

          Ҳамин тавр ҷамъулҷамъ ҳунармандони ноҳия соҳиби 123,4 хол гардиданд, ки дар минтақа натиҷаи баланд ба ҳисоб меравад. Изҳори умед менамем, ки ҳунармандони ноҳияи мо аз руи натиҷаҳои даври аввали фестивал – озмун дар води Рашт ва шаҳри  Роғун соҳиби ҷои намоён гардида, ба даври ниҳоӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад роҳхат ба даст меоранд.

           Баъди баргузории фестивал-озмун раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос ба ҳунармандони ноҳия барои намоиши ҷолибу диданӣ миннатдорӣ изҳор кард. Роҳбари аввали ноҳия ин дастовардро дар фестивали «Андалеб -2021» туҳфаи муносиби фарҳангиён ба ҷашни бузурги миллӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ дошт. 

   

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code