Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»

          Дар толори бахши фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки наврасону ҷавонони боистеъдод Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар бахшҳои гуногуни ҳунарӣ доир гардид.

          Тибқи иттилои масъулин озмуни мазкур бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, он ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат ташкил гардидааст. Ҳадаф аз он баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва иҷрои   беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон арзёбӣ гардид.

         Дар озмун ҷавонон ва наврасон шеъру суруд ва оҳангҳои нав, асарҳои мусиқии композиторони ватанӣ ва ҷаҳонӣ, намунаҳои мусиқии анъанавӣ, академӣ ва муосири тоҷикро, ки ба талаботи низомнома ва шартҳои озмун ҷавобгӯянд, пешниҳод намуданд. Аз рӯи наминатсияҳои сароянда, навозанда, оҳангсоз, шоир ва ровӣ чанд нафар аз иштирокдорон ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд.

          Баргузории озмуни  мазкур дар даврони бархурди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавии фарҳангҳо ба  тарбияи худшиносиву хештаншиносии миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа махсусан ҷавонон басо муҳим арзёбӣ гардид. Дар чамъбаст  хакамон ба баромади иштирокдорони бехтарини чорабинӣ баҳои баланд дода, голибони озмун дар бахши навозандагӣ ва сарояндагӣ ба даври навбатӣ роҳхат гирифтанд.

          Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар ноҳияи Тоҷикобод  аз рӯи номинатсияҳои гуногун басо рангину хотирмон  доир гардида, тамошобинон аз таронаҳои ҷаззоб, оҳангу навозишҳои  форам  ҳаловат бурданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code