ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ТОҶИКОБОД

            Иҷлосияи шашуми  Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод (даъвати шашум) натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ – иқтисодии ноҳияро дар нимсолаи якуми соли 2021 баррасӣ намуд. Иҷлосияро раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Қадриддин Фақерзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, рӯзномаи маҷлис, аъзои раёсат, котибот ва комиссияи тафтишотиро  ба овоз монд.

           Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома Ҳисоботи раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос оид ба фаъолияти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ – иқтисодии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ шунида шуд. Дар маърузаи раиси ноҳия ҳамчунин перомуни масоили рӯзмара, аз қабили омодагиҳо ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафти кор дар иншоотҳои ҷашнӣ, натиҷаи кишти зироатҳои кишоварзӣ, омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ ва дигар масъалаҳои доғи рӯз баррасӣ гардида, ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

           Сипас ҳисоботи сардори Раёсати молияи ноҳия оид ба иҷрои буҷети маҳаллӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 Бахтиёр Шарифзода, ҳисоботи сардори нозироти андози ноҳия Якубон Исмоилов доири иҷроиши нақшаи пардохти андозҳои маҳаллӣ дар нимсолаи якуми соли равон пешкаш гардид. Зимни ҳисоботҳо зикр гардид, ки рафти иҷроиши нақшаи андозҳо қаноатбахш буда, дар самти иҷрои пардохти қарзҳои солиёни пешин аз тарафи хоҷагиҳои давлатии ҷамоавӣ ва баъзе ширкатҳои муфлисшуда мушкилот ҷой дорад.

           Баъдан нақшаи кориии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва қарори раиси ноҳия «Дар бораи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод барои нимсолаи якуми соли 2021 тасдиқ карда шуд. Зимнан гузориши раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба андоз ва буҷет, саноат, сохтмон, коммуникатсия, мудофиаи гражданӣ, савдо шуғл ва рушди соҳибкорӣ шунида шуда, ҳамзамон аз ҷониби вакилон Нақшаи муфассали тарҳрезии маркази ноҳияи Тоҷикобод тасдиқ гардид.

           Пас аз анҷоми маърӯзаҳо гузориши комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба натиҷаи интихоботии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар ҳавзаи интихоботии №23 Полезак шунида шуда, ваколати вакили навинтихобшуда тасдиқ карда шуд.

           Дар рафти иҷлосия ҳамчунин қарорҳои раиси ноҳия дар масъалаи кадрҳо низ қироат гардид. Тибқи қарорҳои раиси ноҳия Додихудо Эшонов ба ҷои Саломуддин Кобулиев ба вазифаи  мудири бахши фарҳанги ноҳия, Орифҷон Иброҳимов ба ҷои Хайрулло Миршоев – мудири бахши дин. танзими анъана ва ҷашну маросимҳо таъин гардида, Сафаралии Зайналобуддин аз вазифаи мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ озод карда шуданд. Қарорҳои мазкур аз тарафи аксари вакилон тасдиқ карда шуданд.

           Дар гузориши муовини якуми раиси ноҳия Зулфиқор Рамазонзода рафти корҳо дар иншоотҳои ҷашнӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт. Дар ин зимн аз соҳибкорон ва ташаббускорони баъзе деҳот, ки дар бунёди якчанд иншоотҳо, аз қабили синфхонаҳои иловагӣ, хати оби нӯшоӣ, бунгоҳи тиббӣ, ҳаммом-сауна ва якчанд марказҳои тиҷоратӣ саҳм гузоштаанд, изҳори сипос карда шуд. Ҳамзамон ба масъулин барои дар мӯҳлатҳои муайяншуда ва бо сифати баланд  ба анҷом расонидани иншоотҳои боқимонда супоришҳои қатъӣ дода шуд.

           Дар охири Иҷлосия  якчанд масъалаҳои судманди рӯз мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд. Зимни муҳокимарониҳо аз рафти  омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ  таъмини  муассисаҳои таълимӣ бо ангишт, вазъи компютеркунонӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ташкили кабинетҳои фаннӣ ва ба роҳ мондани корҳои ободонӣ дар гирду атрофи биноҳои таълимӣ  изҳори нигаронӣ карда шуда, баҳри ислоҳи камбудиҳо дар ин самт ба роҳбарияти шуъбаи маориф супоришҳои мушаххас дода шуд. 

              

           Бо ҳамин Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод (даъвати шашум) кори худро ба анҷом расонид.        

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code