КОРВОНИ КӮМАКҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ  БА ЗАРАРДИДАГОНИ ЗИЛЗИЛА

          Тавре маълум аст, рӯзи 10 июли соли 2021 дар ҳудуди ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ҳодисаи заминларза рӯй дод, ки ба аҳолии мавзеҳои баландкӯҳ зарари ҷиддӣ  расонид. Мувофиқи тозатарин иттиллои масъулини ситод, дар ноҳияи Тоҷикобод, ки вобаста ба  ҳодисаи мазкур бевосита дар маҳали зарардида таъсис дода шудааст, 1076 оила мавриди таҳлил қарор дода шуд, ки  тибқи хулосаи комиссия 60 оила пурра ва 208 оила қисман зарардида ҳисобида шуданд.

           Субҳи 16 июл дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва кӯмак ба зарардидагони заминларза дар ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт корвони мошинҳо иборат аз масолеҳи сохтмонӣ ба мавзеҳои зарардида расид.

           Тибқи иттилои роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Тоҷикобод Назрвалӣ Акбарзода бо мақсади ҳарчи зудтар  барқарор намудани манзилҳои харобгардидаи сокинони ноҳияи Тоҷикобод ба 60 оилаи пурра зарардидаи ноҳия 10 тоннагӣ семент, 10 кубӣ тахта, 2 тоннагӣ арматура, 100 донагӣ тунукаи фулузӣ кӯмак расонида шуд. Ҳамзамон ба 208 оилае, ки қисман зарар дидаанд, чунин масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла 5 тоннагӣ семент, 5 кубӣ тахта, 1 тоннагӣ арматура ва 50 донагӣ тунука кӯмак карда шуд. Инчунин бо супориши Пешвои миллат ба зарардидагони заминларзаи ноҳияи Тоҷикобод аз тарафи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» маводҳои ғизоӣ, аз қабили 5 тонна орд, 1 тонна  биринҷ 100 дона равғани растанӣ кӯмак расонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code