Комёбии навбатӣ дар озмуни «Андалеб-2021»
Комёбии навбатӣ дар озмуни «Андалеб-2021» Дар фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб – 2021», ки бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ҷумҳуриамон доир гардид, ин дафъа низ ҳаваскорони ноҳияи Тоҷикобод ба комёбӣ ноил гардиданд.
Дар даври ниҳоии фестивал, ки санаи 12 август дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дастаи ҳунармандони ноҳияи Тоҷикобод ҳунари волои хешро пешкаш намуда, ба гирифтани мақоми сеюм ноил гардиданд. Ҳакамон ба ҳунарнамоии бахшҳои озмун, аз ҷумла суруди якка дар иҷрои Муҳаммад Абдиев таҳти унвони «Тоҷикистон», навозиши умумӣ, суруди фалак дар иҷрои Зайнаб Аҳмадҷонова баҳои баланд 10 холиро сазовор донистанд. Тибқи шартҳои озмун ба бадеҳаи халқӣ дар иҷрои Раҷабалӣ Шарифов ва Сабринисо Додарбекова, суруди анъанавӣ дар иҷрои Саломуддин Кобулиев, Қадридди Муддинов, Айниддин Тошназаров ва Дадарбек Абдуллоев 9,5 холӣ дода шуд. Дар маҷмуъ, ҳунармандону ҳаваскорони ноҳия 105 холро ба даст оварда, ба онҳо дар лаҳзаҳои тантанавӣ дипломи дараҷаи 3-и фестивал тақдим карда шуд.
Барои саҳми шоиста гузоштан дар рушди фарҳанг раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин бо нишони Аълочии фарҳангии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сипоснома, мудири бахши фарҳанг Додихудо Эшонов, оҳангсоз Мустафо Шукуров бо Дипломи Вазорати фарҳанг ва ҳунармандону ҳаваскорон бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ин маротибаи аввал нест, ки дар чорабинии мазкур ҳунармандону ҳаваскорони санъати ноҳия ҷои намоёнро сазовор мегарданд. Дар озмунҳои қаблӣ, дар даврҳои ниҳоии «Андалеб» солҳои 2001,2004,2006,2008, 2016 дастаи ҳунарии ноҳияи Тоҷикобод ҷоизаҳои асосии фестивалро ба даст оварда, сазовори яке аз се ҷойи ифтихорӣ гардида буданд. Фестивал-озмуни телевизионии «Андалеб» як қатор чеҳраҳои ноби ҳунариро аз байни наврасону ҷавонони ноҳия, аз қабили Хурмои Ширин, Садафмоҳи Паҳлавоншо, Самрати Мӯсо, Сабрина Икромова, Дилшод Сангинов, Мӯминаи Маҳмадисо, Сулаймони Аҳтамзод ошкор намуд. Ёдовар мешавем, ки санъаткорону ҳунармандони мардумии ноҳия устодони сарояндагони мардумии диёр, Ҳофизони Халқии Тоҷикистон Иброҳими Кобулӣ, Зулфиқор Исмоилов, Давлат Исмоилов, Ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Сунъатулло Раҳматуллоев, Муқим Масъудов ва корманди шоистаи ҷумҳурӣ, Аълочии фарҳанг Мустафо Шукуров, сарояндаи хушсалиқа Зайнаб Аҳмадҷонова дар рушду нумӯи фарҳанг нақши арзандае гузоштаанд.