Ғолибони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

      Бо мақсади иҷроиши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-феврали соли 2021 №АП-43 бобати баргузории  озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар муасисаҳои таълимии ноҳияи Тоҷикобод даврҳои  якуму дуюми озмун бо иштироки фаъоли хонандагон  доир гардид. Ғолибони даврҳои аввал, ҳамагӣ 14 нафар, аз ҷумла 8 нафар духтарон, ки аз рӯи 4 номинатсия  истеъдоду маҳорати худро нишон доданд, ба даври минтақавӣ, ки моҳи ноябр дар шаҳри Ваҳдат доир мегардад, роҳхат гирифтанд.

           Ҳадаф аз баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба мутолиаи китоб ва ошноӣ ба мероси адабию фарҳангии гузаштаю муосири тоҷик ва адабаиёти оламшумули ҷаҳон мебошад, ки бо супориши бевоситаи  Пешвои муаззами миллат дар саросари ҷумҳурӣ ду сол боз доир мегардад.

           Тавре Асосгузори сулҳӯ ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон мегӯянд “Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст” Озмуни  мазкур аз ҷониби ҳама қишрҳои ҷомеа ҳамовозӣ пайдо намуда, торафт теъдоди иштирокдорони он зиёд мегардад. Ин озмуни басо муфид ба  таблиғу тарғиби китобхонию маърифатнокӣ дар байни наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа мусоидат намуда, арзиши маънавии гароне барои ояндаю имрӯзи миллати мо дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code