ПАРАДИ ҲАРБӢ ДАР ТОҶИКОБОД
Аз субҳи барвақти 7 сентябр дар маркази ноҳияи Тоҷикобод тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллӣ ва саф оростани ҳайати шахсии шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаи комиссариати ҳарбӣ, сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони ноҳия оғоз ёфт.
Раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос зимни баромади хеш иштирокдорони паради ҳарбиро ба 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда аз таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд: – Имрӯзҳо, ки вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла минтақаи моро таҳдиду хатарҳои муосир, қабл аз ҳама, терроризму ифротгароӣ, низоъҳои диниву мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ бисёр мураккабу печида гардонидаанд, мо бояд ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо иқтидори мудофиавии мамлакатро тақвият бахшем.
Дар Паради ҳарбӣ, ки дар фазои тантанавӣ баргузор гардид, зиёда аз 500 нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ, бо рӯҳияи садоқат ва ифтихор аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.