ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН ДАР АРАФАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ
Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа дар меҳвари сиёсати инсонпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамин аст, ки ҳамасола дар арафаи ҷашну идҳо ин табақаи ниёзманди ҷомеа кӯмаку дастгириҳо карда мешавад.
Дар арафаи ҷашни 30-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷиктон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод аз тарафи сокини Ҷамоати деҳоти Ширинчашма Собирҷон Аҳмадов ба 30 оила аз 5 ҷамоати деҳоти ноҳия кумаки яквақтаина аз қабили орд, равған ва макарон дастрас карда шуд.
Дар рафти тақсимоти маводи хӯрока ба ниёзмандон раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ёдовар шуда, аз ҳолу аҳволи шахсони камбизоат пурсон шуд. Иқдоми соҳибкори мазкурро пайравӣ намуда, ба шахсони эҳтиёҷманди ноҳия расонидани кӯмакҳои яквақтаина дар дигар маҳалҳо низ идома дорад. Сокинон зимни расонидани кӯмак дар суҳбат бо мо аз чунин дастгириҳо, ки бо дастури Пешвои муаззами миллат амалӣ мегарданд, изҳори сипос менамоянд.