ТАНТАНАҲОИ 30- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадҷонзода Олимҷон ва раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос як қатор иншоотҳои ҷашнӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар ин рӯз якчанд иншоотҳои таъиноти гуногун, аз ҷумла майдончаи дилхушӣ барои бозиҳои кӯдакона дар деҳаи Сари пул, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Зафаробод, маркази ташхиси ренгени рақамӣ дар беморхонаи марказӣ дар истифодаи умум қарор дода шуданд.
Дар маҷлиси тантанавӣ, ки бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон ва собиқадорони меҳнат ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода доир ба дастовардҳои ноҳия дар тӯли 30 соли даврони соҳибистиқлолии кишвар ба таври муфассал суханронӣ намуд. Зимни маърӯза аз ҷумла зикр гардид, ки дар замони мушкилоти солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурӣ муроҷиати Сарвари тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмон ба дили мардуми азияткашида умед бахшид Бо талоши шабонарӯзии ин ҷавонмарди ҷасуру хирадманд таи солҳои соҳибистиқлолӣ роҳи тӯлонии пурмашаққат самари нек овард ва бо ҳидояту ҷоннисориҳои ӯ тоҷикон ба сулҳу ваҳдати комил расиданд. Ноҳияи Тоҷикобод ҳамрадифу ҳамсоли ҷумҳурии соҳибистиқлол буда, таи ин солҳо мардуми заҳматқарини он шоҳиди тамоми бурду бохти солҳои барқарорсозии суботу оромӣ ва давлатсозии навини тоҷикон буданд.
Дар назди ҳозирин намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадҷонзода Олимҷон ба сухан баромада, ба заҳматҳои мардуми ноҳия барои дастовардҳояшон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, бахусус дар рушди соҳаи кишоварзӣ, сол то сол афзун гардидани истеҳсоли маҳсулоти картошкаю сабзавот ва меваҷот баҳои баланд дод. Маҳмадҷонзода Олимҷон ба муносибати ин ҷашни бузург иштирокдорон ва тамоми мардуми ноҳияро муборакбод намуда, аз хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот ва таҳкими давлатдории тоҷикон ёдовар шуд.
Дар рафти маҷлис як қатор фаъолон ва собиқадорони меҳнат ба сухан баромада, аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи роҳбари давлат ба минтақаҳои кӯҳистони кишвар аз номи сокинони ноҳия изҳори сипос намуданд. Қайд гардид, ки дар ин давом дар ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд, бунёди садҳо иншооти хурду бузург, аз ҷумла пули азими Ваҳдат, шоҳроҳи байналмиллалӣ, калонтарин варзишгоҳ дар водӣ, меҳмонхонаи сеошёнаи замонавӣ ва дахҳо коргоҳу марказҳои маишию тиҷоратӣ симои ноҳияро ба куллӣ тағир доданд.
Дар поёни чорабинӣ бархе аз собиқадорони меҳнат, фаъолон ва шахсоне, ки дар рушду нумӯи ноҳия таи си соли соҳибистиқлолӣ саҳми арзанда гузоштанд, бо ифтихорнома ва мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла, собиқадори фарҳанг Саломуддин Кобулиев, корманди шуъбаи занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Файзинисо Абдусатторова, сохтмончӣ Назархоҷа Мусоев аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд. Нимаи дуюми рӯз дар боғи фарҳангию фароғатӣ, ки дар маркази ноҳия дар майдони 2.5 гектар бо дастгирии кормандони ташкилоту муассисаҳо бунёд гардидааст намоишгоҳи дастовардҳои меҳнаткашон, маҳсули дасти эҷодкорону ҳунармандон ба маърази тамошо бароварда шуд. Дар боғи фарҳангию фароғатӣ, ки онро амфитеатри дорои 300 ҷои нишаст, хоначаҳои дилхушии кӯдакона, нишастгоҳҳо, дарахтони ороишӣ ва гулгаштҳо оро медиҳанд, барномаи фарҳангии омоданамудаи ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия иборат аз суруду таронаҳои дилангез дар васфи Ватани маҳбуб, тараннуми дастовардҳои соҳибиистиқлоли кишвар пешкаши бинандагон гардонида шуд, ки ба ҳозирин таассуроти рангин гузошт.