БИНОИ ШУЪБАИ АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Тоҷикобод бинои Шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи бино Раиси маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадчонзода Олимҷон раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос ва як қатор меҳмонон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бинои мазкур дар муддати кутоҳ аз ҷониби ҶДММ “Сохтмон” бо маблағи 409 ҳазор сомонӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуд. Бино аз 6 утоқи калони барҳаво, толори маҷлисгоҳ, китобхона, ошхона ва ҳаммом иборат мебошад. Дар саҳну атрофи бино иморатҳои ёрирасон сохта шуда, роҳравҳо бо сафолакҳо ва гулу буттаҳо ороиш дода шудааст.
Тавре дар суҳбат бо мо иҷрокунандаи мудири Шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод Султонзода Сомон Абдураҳмон қайд намуд, солҳои дароз кормандон дар бинои куҳнаю фарсуда фаъолият намуда, шароити кории чандон созгор надоштанд. Ва акнун бо дастгирии робарияти Агентӣ ва ноҳия шароити кории шуъбаи мазкур хеле беҳтар гардид, ки ин ба беҳтар гардидани фаъолияти кории кормандони шуъба мусоидат менамояд.