МАРОСИМИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ДАР РАШТ

           Дар қисми низомии №-0211-и Қушунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Рашт маросими даъвати тирамохии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин ҷо даъватшудагони ихтиёрӣ аз ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Рашт Сангвор ва Нуробод, барои пайвастан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омаданд.

          Дар маросими гусели даъватшудагон, ки дар саҳни қисми ҳарбӣ доир гардид, бо иштироки роҳбарони ноҳияҳои мазкур, намояндагони мақомоти иҷроия, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, волидон ва даъватшавандагон чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар қисми тантанавии чорабинӣ намояндагони мақомотҳои давлатӣ ва низомӣ суханронӣ намуда, даъватшудагон ва волидонро ба муносибати оғози даъвати баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки бо шукргузорӣ аз Истиқлол ва оромии кишвар сол аз сол сафи ҷавонони ғаюру ватандӯсти навоҳии минтақа ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мепайванданд, афзуда истодааст. Ихтиёран ҳозир шудани ҷавонон аз деҳоти гуногун ба комиссариатҳои ҳарбӣ аз ҳисси баланди масъулиятшиносии онҳо шаҳодат медиҳад.

          Дар ҳамоиши мазкур ба 62 нафар наваскароне, ки курси ронандагии ҶДММ «Мададгори мудофиа» -ро хатм намуда, барои ба сафи артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ҳозир шуда буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуд.

          Дар чорабинӣ инчунин комисарони комисариати ҳарбии ноҳияҳои водии Рашт, раисони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, мудирони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши навоҳӣ ва бархе аз волидон баромад намуда, аз корнамоӣ ва диловарии фарзандони Ватан дар тӯли таърих ёдовар шуданд. Баромадкунандагон ба наваскарон дар адои ин масъулияти баланд ва қарзи шаҳрвандӣ барору бурдбориҳо таманно намуданд.  

          Дар поёни чорабинӣ баҳри фараҳ ва хушҳолии даъватшудагон ва волидайни онҳо барномаи консертии дастаи ҳунарии шуъбаи фарҳанги ноҳияи Рашт пешкаши ҷамъомадагон гардонида шуд. Таҳти навои суруду рақс ва бо дуои неки пирони собиқадор ҷавонон ба хизмати Ватан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд.

  

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code