Маҷлиси ҷамъбастии рушди иқтисодию иҷтимоӣ Дар шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти рушди иҷтимоӣ – иқтисодии ноҳия дар нӯҳмоҳаи соли 2021 баргузор гардид. Дар кори маҷлис намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Маҳмадҷонзода, раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос, муовинонон, роҳбарони ташкилоту муассиса ва дигар фаъолону собиқадорони меҳнат иштирок намуданд. Раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос қайд намуд, ки муҳимтарин рӯйдоди сол барои мардуми ноҳияи Тоҷикобод сафари хизматии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия буд, ки дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолитяи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Боздиди навбатии Пешвои миллат дар сатҳи баланд доир гардида, сокинони заҳматқарини ноҳия имрӯзҳо таҳти таассуроти неки ташрифи меҳмони олиқадр қарор доранд.
Дар назди ҳозирин муовини раиси ноҳия Рамазонзода Зулфиқор доир ба ҷамъбасти рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар нӯҳмоҳаи соли 2021 бо маърӯза баромад намуд. Зимни баромад қайд гардид, ки мардуми шарафманди ноҳия имсол ҷашни 30-солагии Истиқлолитяи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо азму иродаи қавӣ ва заҳмати созандаю бунёдкорона таҷлил намуда, дар партави ҳидоятҳо ва иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор дастовардҳои меҳнатӣ ноил гардиданд. Мардуми ноҳия ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолиятро бо туҳфаҳои арзанда истиқбол гирифтанд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳои Маркази саломатӣ, шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи идораи замин, Маркази бонувон, боғи фарҳангию истироҳатӣ, биноҳои таълимии мактабҳои рақами 18 ва 22 номгӯи иншоотҳоеанд, ки дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии Истиқлолият ба истифода супорида шуданд. Соҳибкорони бонангу ори диёр низ бахшида ба ҷашн имсол сохтмони 10 иншооти таъиноти гуногунро ба анҷом расонданд.
Сипас муовинони раиси ноҳия Маҳмадтоир Назризода, Бахтиёри Ҳақназар доир ба бурду бохти соҳаҳои кишоварзӣ ва иҷтимоиёт дар ин муддат ба таври муфассал маърӯза намуданд.
Намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Олимҷон Маҳмадҷонзода зимни баромади муфассали хеш қайд намуд, ки мардуми ноҳияи Тоҷикобод дар татбиқи корҳои созандагӣ саҳми назаррас дошта, боварӣ ҳаст, ки баҳри иҷроиши дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастҷамъона заҳмат кашида, аз уҳдаи корҳои ба зиммаашон гузошташуда бо сарбаландӣ мебароянд.
Раиси ноҳияи Тоҷикобод дар суҳбати худ доир ба рафти корҳои барқарорсозӣ дар мавзеи аз заминларза зарардидаи деҳоти Ҷамоати Лангари шоҳ сухан ронда, дар муҳлати кӯтоҳ сохта ба истифода дода шудани ду муассисаи таълимиро аз дастгирию ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ба сокинони офатзада арзёбӣ намуд. Инчунин барои дар рӯзҳои аввал иҷро гардидани даъвати тирамоҳиии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва масъулин изҳори сипосу қаноатмандӣ намуд. Ҳамчунин раиси ноҳия доир ба рафти омодагиҳо ба давраи зимистонгузаронӣ, таъмини ташкилоту муассисаҳо бо ангишти хушсифат, ҷамъоварии беталафи ҳосил, рафти шудгори тирамоҳӣ ва дигар масоили муҳими рӯз андешаронӣ намуда, барои минбаъд роҳ надодан ба камбудиву норасогиҳо ба масъулин супоришҳои қатъӣ доданд.
Дар фароварди маҷлиси фаъолони ноҳия як қатор шахсоне, ки дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ саҳми муносиб гузоштанд аз тарафи намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Маҳмадҷонзода бо ифтихорнома ва унвони касбӣ сарфароз гардиданд.