ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МЕҲРГОН
Иди Меҳргон дар ноҳияи Тоҷикобод дар майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории намоиши дастранчи деҳқонон, техникаҳои соҳаи кишоварзӣ ва барномаи консертии санъаткорони шуъбаи фарҳанги ноҳия таҷлил гардид.
Дар рафти баргузории чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Зулфиқор Рамазонзода мардумро аз номи раиси ноҳия ба ин ҷашни миллӣ табрик намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо иду ҷашнҳои миллӣ, балки маросимҳои мухталифи мардумӣ аз нав эҳё гардида, барои дар сатҳи баланд доир кардани онҳо шароит фароҳам омад. Доир ба ҷашни Меҳргон Сарвари давлат назари некбинона дошта, онро кӯҳантарин чашни миллии мо медонанд ва ба арзишҳои он эҳтироми хосса доранд. Дар ҳамин асос ҷашни мазкур аз нав эҳё шуда, доир кардани он ҳамасола ба ҳукми анъана даромада истодааст.
Дар чорабинии мазкур қайд гардид, ки аз қадимулайём яке аз унсурҳои ин ҷашн аз он иборат будааст, ки мардум аз баракати ҳосили ҷамъовардаашон шукрона мекарданд ва либосҳои шинаму тоза ба бар карда, баракати солро дар баргузории ҷашни Меҳргон ифода намуда, шодию хурсандӣ менамуданд, ки соли оянда ҳосил боз ҳам фаровон шавад ва дастархони мардум аз маҳсулоти деҳқон фаровон гардад. Мардум ғубори заҳмати кашидаи худро ба ин восита аз дил мебароварданд. Тибқи сарчашмаҳо Меҳргон яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон мебошад, ки аз замонҳои қадим ба мо мерос монда, пешиниён онро бо шукӯҳу шаҳомат, бо ҳама ҷузъиёташ баргузор мекарданд. Аммо бо мурури замон ин ҷашни миллию мардумӣ аз ёдҳо рафта, дар қаламрави мамлакат ҷашн гирифта намешуд. Нишонаҳои суннатии Меҳргон танҳо дар ёди бузургсолон монда, арзиш ва қимати он аз ҷониби донишмандони соҳаи мардумшиносӣ ҳифзу ҳимоя меёфт ва гоҳ-гоҳ дар маъракаи ҳосилғундорӣ аз он ёд мешуд. Дар воқеъ, ин ҷашни ниҳоят қадимӣ мероси мардумии мо маҳсуб шуда, аз замоне ки онҳо ба чорводорӣ машғул шуданд, бо замин сару кор гирифтанд ва ҳосил рӯёнда аз дастранҷи худ роҳат диданд, ин маросимро эҳё намуданд ва онро дар доираи тафаккуру ташаккули зеҳнии асотирии ҳамон давраинаашон доир менамуданд.
Дар рафти чорабинии мазкур ҳамчунин муовини соҳавӣ Бахтиёри Ҳақназар доир ба ҷамъоварии ҳосили имсола маълумот дода, қайд намуданд, ки баҳри амалӣ намудани дастурҳои Пешвои муаззами миллат бо заҳмати дучанди кишоварзон ва аҳолии ноҳия дар соли равон майдони кишти аксари зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошка ба маротиб афзун гардид. Дар ин давра майдони кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1983 гектар расонида шуд, ки нисбати соли гузашта 43 гектар зиёд буда, иҷрои нақшаи умумиро 91 фоиз таъмин менамояд. Соли ҷорӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 1147 гектар ғалладона, 857 гектар картошка, 113 гектар сабзавот ва 10 гектар юнучқа кишт намуда буданд. Ин шабу рӯз мавсими даррави ғалладона ба охир расида кишоварзон аз ҳар гектар 21 сентнерӣ ба даст оварданд. Ҳоло дар ноҳия ҷамъоварии картошка, сабзавот, мева ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад. Кишоварзон самаранок меҳнат намуда аз ҳар гектар картошказор 210, сабзавот 166, мева 34 сентнерӣ ҳосил гирифта истодаанд.
Дар фароварди чорабинии мазкур як қатор кормандони соҳаи кишоварзӣ, сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ, механизаторон ва дигар шахсоне, ки дар истеҳсол ва ҷамъоварии маҳсулотҳои кишоварзӣ саҳми арзанда доштанд аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Ҷашни Меҳргон дар ноҳияи Тоҷикобод бо шукӯҳу шаҳомати хоссааш ба ҳозирин таассуроти амиқ гузошт.