Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Тоҷикобод
Тантанаҳои наврӯзиро сокинони ноҳияи Тоҷикобод бо дилгармию қаноатмандӣ аз фазои оромиву субот ва истиқлоли кишвар дар руҳияи идона ҷашн гирифта истодаанд. Субҳи барвақти 21 март пиру барно, бо пероҳани идона ба варзишгоҳи марказии ноҳия ҷамъ омада, дар базми наврӯзӣ шодиву хурсандӣ намуданд. Дар варзишгоҳ намоиши маҳсулоти ҳунармандон, дастурхони идонаи наврӯзии иборат аз ҳафт сину ҳафт ва таомҳои миллии атола, кашк, ширбиринҷ, оши бурида, дангича ва дигар хӯрокҳои маҳаллӣ ба таомҳои миллӣ, маҳсулоти гуногуни нонӣ: фатиру кулча, қатмол, чапотию гирдача, қатмол, озуқу чак-чак ба намоиш гузошта шуданд. Дар намоиш ҳамчунин маҳсулоти косибону оҳангарон, табақтарошону дӯзандагон, инчунин боғпарвонону зироаткорон ба маърази тамошо ва фурӯш бароварда шуданд Мардуми ҷамъомадаро раиси ноҳияи Тоҷикобод, Қадриддин Фақерзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Маҳмадҷонзода ба фарорасии Наврӯзи хуҷастапай шодбод гуфта, аз дастгириҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи дурдасти Тоҷикобод, ки боиси сол то сол рушд намудани хоҷагии халқи ноҳия гардидааст, дар мисоли бунёди даҳҳо иншоотҳои гуногун ёдоварӣ намуданд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳонӣ гирифтани ҷашни Наврӯз боиси ифтихору сарбаландии ҳаммиллатони мо буда, ин эҳсоси ватанпараству худшиносии моро таҳким мебахшад. Кишоварзони ноҳия имсол азм гирифтанд, ки бо дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти асосии ноҳия картошкаро бо истифода аз заминҳои мавзеҳои баландкӯҳ боз ҳам афзун намоянд.
Барномаи идона бо садои сурнаю карнай оғоз гардида, «Маликаи наврӯз» бо «Деҳқон» бо аспу аробаи ороста атрофи базмгоҳро давр зада аз омадани арӯси сол пайғом медоданд. Кӯдакону наврасон дар ҳар канори майдони базм рақсу хушҳолӣ менамуданд. Ҳунармандони ансамбли тарона ва рақси «Баёзи кӯҳистон»-и ноҳия бо суруду таронаҳои марғуб ба базми наврӯзӣ шукӯҳу шаҳомати рангин бахшиданд. Пас аз барномаи идона, бо иштироки пахлавонони водӣ мусобиқаи гуштини миллӣ басо шавқовару хотирмон доир гардид.
Тантанаҳои наврӯзӣ дар деҳоти Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия идома доранд.