Гусели наваскарон дар фазои идона
Усули қуръапартоӣ боиси иҷрои барзиёди нақша гардид!
Бахшида ба рӯзи «Рӯзи даъватшаванда» дар боғи навбунёди фарҳангию фароғатии ноҳияи Тоҷикобод ҷамъомади тантанавӣ доир гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроия, сохторҳои қудратӣ, роҳбарони ташкилоту муассиса, даъватшавандагон ва волидону наздикони онҳо ширкат варзиданд.
Дар оғози маросими гусели наваскарон раиси ноҳия Фақерзода Қадриддин Аббос баромад намуда, аз барзиёд иҷро шудани нақшаи даъват дар рӯзи нахустини он мужда дод. Роҳбари ноҳия таъкид намуд, ки ин бори дуюм аст, ки нақшаи даъват дар ноҳияи Тоҷикобод дар рӯзи аввал иҷро мешавад. Мавсуф аз онҳое, ки дар иҷрои нақша саҳмгузорӣ намудаанд, аз номи роҳбарияти ноҳия изҳори миннатдорӣ намуд. Комиссари комиссариати ҳарбии ноҳия Худоёрзода М. доир ба рафти иҷрои нақшаи даъват ҳисоботи муфассал қироат намуд. Аз номи волидон раиси деҳаи Сафедмун Мустаон Ваҳҳобов баромад намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ ва усули қуръагирӣ аз деҳаимазкур 15 нафар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ пайвастанд.
Дар баромадҳо аз усули қуръапартоӣ, ки бори аввал бо ташаббуси раиси ноҳияи Тоҷикобод гузаронида шуд, барои бо сифати баланд, дар фазои орому озод ва сари вақт иҷро шудани нақша мусоидат намуд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки иқдоми мазкур боиси пайравӣ дар дигар шаҳру навоҳӣ тавсия дода мешавад, зеро он тавшишу изтиробҳои солҳои қаблиро дар маросими даъват бартараф намудааст. Дар поёни ҷамъомад ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 бо барномаи рангин хотири наваскарону волидонро шод намуданд.
Рӯзи 1 апрел даъватшавандагони ноҳия дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи даъватшаванда», ки дар майдони яке аз қушунҳои ҳарбӣ дар маркази ноҳияи Рашт бо иштироки роҳбарони навоҳӣ ва даъватшавандагони ноҳияҳои водии Раштонзамин доир гардид, иштирок намуда, аз он ҷо барои шомил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба пойтахти ҷумҳурӣ раҳсипор гардиданд. Ҷамшед Фозилӣ