Ҳашари ниҳолшинонӣ дар боғи фарҳангию фароғатӣБог

            Дар боғи навбунёди фарҳангию фароғатӣ, воқеъ дар кӯчаи 30-солагии Истиқлолияти шаҳраки Тоҷикобод ҳашари дастҷамъонаи кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия гузаронида шуд, ки дар натиҷаи заҳмати серӯза дар боғи мазкур  ниҳолҳои арча ва сӯзанбарг шинонда шуд.

                Бунёди боғи мазкур имсол низ идома ёфта, алаккай дар он зиёда аз 1000 ниҳолҳои гуногуни ороишӣ ва сояафкан шинонда шуд. Ба андешаи бархе аз мутахассисон дар боғи мазкур шинондани ниҳолҳои ба иқлим мусоиди чанору маҷнунбед, дарахтони мевадиҳанда ба мисли олую зардолу, гелосу олуча ва гулбуттаҳои ороишӣ низ ба манфиат мувофиқ мебошад. Дар қисмати шимолии боғ соли гузашта бо ибтикори раиси ноҳия Фақерзода Қадриддин нишастгоҳи амсоли «Амфитеатр» бунёд гардид, ки дар он қариб 500 ҷои нишааст мавҷуд буда, чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ дар фазои кушоди он гузаронида мешаванд. Дар саҳни боғ инчунин кату нишастгоҳҳо сохта шуда, роҳравҳои он бо тахтасангҳои нақшин чида мешаванд. Тасмим гирифта шудааст, ки бо дастгирии соҳибкорону сокинон дар боғ арғунчаку чархҳои дилхушкунанда насб гардида, барои кӯдакону ҷавонон ва меҳмонон  дӯкону фурӯшгоҳҳои нӯшокию яхмос ва дигар ғизоҳои сабук  сохта шаванд.

БогХашарБоги фарханг

           Боғи мазкур дар шафати бинои Қасри фарҳанги ноҳия, ки сохтмони он имрӯзҳо аз тарафи Дирексияи иншоотҳои сохтмонии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад  ҷойгир буда, баробари анҷоми  иншооти мазкур дар арафаи ҷашни 31 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳури Тоҷикистон  бояд  мавриди истифода қарор дода шавад.

Иншоотҳои мазкур бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд меёбанд. Қобили зикр аст, ки дар бунёди боғ дастгирии ҳамешагии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода эҳсос мешавад, ки мавсуф мунтазам аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан намуда,  баробари дастгириҳо маслиҳатҳои муфид медиҳад.

Ҷамшед Фозилӣ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code