Курси бозомӯзӣ – барои пешрафти фаъолияти ҳизбӣ дар ноҳияи Тоҷикобод
Дар асоси Фармоиши Муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Аббдуҷабор Абдуқаҳҳор ҷиҳати омӯзиши фаъолияти кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод гурӯҳи корӣ дар ҳайати Муовини Раиси ҲХДТ – Латифзода Аброр Қурбонович, мудири бахши омор ва махзани ягонаи электронӣ аъзои ҲХДТ Гадоев С. ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо Ахунова М. рӯзи 01 апрели соли 2022 сафари хизматӣ анҷом доданд. Ҳайати гурӯҳи корӣ бо ҳуҷҷатҳои кории Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Амонат”, “Фарҳанг” ва “Беморхона” аз наздик шинос шуданд.
Дар рафти назорати ҳуҷҷатгузорӣ ба масъулин дастур дода шуд, ки ҳуҷҷатнигориро ба Низомнома ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ мутобиқ намоянд ва камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намоянд. Ба кормандони масъули ҳизбӣ дастур дода шуд, ки донишҳои замонавии худро баланд намуда, мафкураи сиёсии худро ташаккул диҳанд ва бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ курсҳои бозомӯзӣ ташкил ва баргузор намоянд. Инчунин, тавсия гардид, ки баҳри мукаммал кардани донишу малакаҳои касбӣ раиси Кумитаи иҷроия ҳар ҳафта миёни кормандон хониши сиёсӣ ва дарсҳои назариявӣ баргузор намояд. Дар баробари ин, мавсуф атрофи масоили дохилиҳизбӣ, ҷалби шахсони сазовор ба узвияти ҳизб, ҷоннок намудани корҳои таблиғотӣ дар деҳаю маҳалаҳо, истифодаи самараноки заминҳои корам, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, инчунин, вокуниш нишон додан ба ҳангомаҳои беасос дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ карда шуд.
Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳиявӣ беш аз 50 адад сӯҳбату вохӯриҳо, хонишҳои сиёсӣ ва 19 адад вокунишу мақолаҳои таҳлилӣ ба шакли матнӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзномаи ноҳиявӣ нашр гардида, рафтору кирдори ношоями аъзоёни гурӯҳҳои хиёнатпеша маҳкум гардидааст. Дар ҷараёни корӣ ба масъулини омор курси аудитории Барномаи махзани ягонаи электронӣ аъзои ҳизб гузаронида шуд. Масъулин баъд аз гузаронидани дарс аз санҷиш гузашта, маълум гашт, ки барномаи мазкурро азхуд кардаанд.