Мубориза бо коррупсия кори дастҷамъона аст

                  Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) қарори раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос  аз 30.12.2021, таҳти рақами 1138 ба тасвиб расида, чорабиниҳои дахлдор роҳандозӣ мегарданд. Нусхаи қарори мазкур барои маълумот ва корбарӣ ба воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, ҷамоатҳои деҳот ва ташкилоту муассисаҳо дастрас шуда, ҷиҳати таъмини иҷрои Стратеггияи мазкур вазифадор карда шуданд. Дар ин муддат бо ҷалби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Точикобод дар мавзӯи «Моҳият, мазмун ва аҳамияти «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»  ду маротиба чорабиниҳои тарғиботӣ гузаронида шуд. Мақсад аз баргузории чорабиниҳо  омӯзиши моҳият, мазмун ва аҳамияти «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва тарзу усул ва роҳҳои самаранок таъмин намудани талаботи ин барномаи зиддикоррупсионӣ мебошад.

                  Дар чорабинӣ  муовини раиси ноҳия Рамазонзода Зулфиқор маърӯза намуда,азҷумла  таъкид дошт, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта то давраи қабули «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)» дар миқёси кишвар ду маротиба барномаи зиддикоррупсионии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул карда шуданд, ки аз талошҳои пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати решакан кардани ин падидаи номатлуб гувоҳӣ медиҳанд. Дар идома сармутахассиси мақомоти иҷроия Шоҳиён Иброҳим ибрози андеша намуд, ки «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рафта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилоти байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.

                 Дар чорабиниҳо таъкид гардид, ки  ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод бояд баҳри аз байн бурдани қонуншиканӣ, бартараф  намудани омилҳои таҳкимдиҳандаи даст задан ба  ҷиноят, махсусан ба ҷиноятҳои хусусиятҳои коррупсионидошта,  дар сафи пеш қарор дошта бошанд.   Мақсади татбиқи Стратегия Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 тасдиқ шуда буд, дар самти сиёсати миллии зиддикоррупсионӣ, криминализатсияи коррупсия ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пешгирии коррупсия ҳамчун усули самаранок ва натиҷабахши муқовимат ба коррупсия ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷараёни амалигардонии он санади муҳим арзёбӣ мегардад.

Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта,   ҷиҳати бартараф ва коҳиш додани шиддати ин падидаи номатлубро пайваста дар суханрониҳои хеш таъкид менамоянд, чорабиниҳои тақвиятбахшандаи фаъолияти кулли соҳаҳо дар самти муқовимат бар коррупсия маҳсуб шуда, бори дигар аз сиёсати оштинопазири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин падидаи номатлуб шаҳодат медиҳад.

Коррупсия  Мақсади татбиқи Стратегия 

Мақсади татбиқи Стратегия  аз он шаҳодат медиҳад, ки ин санади барномавӣ ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсии зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба коҳиш додани сатҳи коррупсия дар кишвар ва бартараф намудани он равона карда шудааст, бевосита мусоидат менамояд. Дар сурати амалисозии воқеии чорабиниҳои дар он пешбинишуда дар маҷмӯъ ба натиҷаҳои ҷашмдошт муваффақ шуда метавонем, ҷиҳати ошкорсозӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миён омадани ҳолатҳои ба зуҳуроти коррупсионӣ  мусоидаткунанда,  оқибатҳои номатлуби зуҳуроти характери  коррупсионидошта пайваста чорабиниҳои судманд доир карда мешаванд. Омилҳои зиёде вуҷуд доранд, ки боиси надониста даст задан ба ҷиноятҳои  коррупсионӣ мегарданд.  Аз ҷумлаи ин омилҳо  паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон   мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code