ШОДИХОН ҶАМШЕД АЗ МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТИИ МИНТАҚАИ РАШТ, АЗ ҶУМЛА ТОҶИКОБОД ДИДАН НАМУД
Ҷиҳати шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии минтақаи Рашт, аз ҷумла рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, суҳбати озоду ошкоро бо беморон ва наздикони онҳо, рафти корҳои сохтмонӣ ва ободониву созандагии муассисаҳои соҳавӣ, таъмини муассисаҳои тандурустии минтақаи мазкур бо мутахассисон, ҳолати кории таҷҳизотҳои муосире, ки аз ҷониби вазорат ба муассисаҳои мазкур дастрас карда шудаанд, таҳлили вазъи соҳа дар минтақа, вохурӣ бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақа ва дар ин замина бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта аз 1 то 3 апрели соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ба минтақаи Рашт сафари корӣ анҷом дод.
Дар ҷараёни сафари кории хеш Шодихон Ҷамшед ба ноҳияи Тоҷикобод ташриф оварда, бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои мазкур, аз ҷумла рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва рафти табобати як қатор беморон шинос шуд. Шодихон Ҷамшед аз Маркази саломатии ноҳияи Тоҷикобод дидан намуда, бо фаъолияти шӯъбаҳо, ҳолати таҷҳизотҳои тиббии муассисаҳои мазкур шинос шуда, инчунин бо роҳбарият ва кормандони онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом дод. Тавре иттилоъ дода шуд, дар муассисаҳои мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҷҳизотҳои муосири тиббӣ дастрас карда шуда, мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки дар ин замина сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар шуда истодааст. Аснои суҳбати озоду ошкоро бо шаҳрвандон иброз гардид, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Дар ҷараёни сафари кории хеш ҳамзамон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо раисони ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос вохурӣ намуда, бо ӯ масъалаҳои таъмиру тармим ва азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ, дастгирии мутахассисони соҳа ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дод. Маврид ба тазаккур аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ дар минтақаи Рашт рушду пешрафт намуд. Махсусан дар ин давра дар ноҳияҳои минтақаи мазкур даҳҳо муассисаҳои тандурустии хуштарҳу замонавӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд, ки дар натиҷа сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар карда шуд. Имсол дар ноҳияи Тоҷикобод сохтмони бинои беморхонаи сироятӣ оғоз мегардад.