Маҷлиси ҷамъбасти семоҳа бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар толори шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод Маҷлиси фаъолони ноҳия дар иртиботи ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2022 ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30                                                                                марти соли 2022  баргузор гардид.

          

      Дар кори маҷлис  намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадҷонзода Олимҷон Обидҷон иштирок намуданд.

                  Тавре хабар дода будем, қаблан гурӯҳи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  заминҳои кишти шафати роҳи байналмиллалӣ  дидан намуда, дар деҳоти Ҷамоатҳои деҳоти Нушор, Зарафшон ва Қалъаи лаби об  бо сокинон суҳбатҳо гузарониданд. Инчунин  намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба фаъолияти як қатор муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳия аз наздик шинос гардиданд.  Зимни боздид аз корҳои сохтмонӣ дар бинои беморхонаи касалиҳои сироятӣ, ки бо маблағгузори Сафорати Ҷопон дар заминҳои беморхонаи марказӣ сохта мешавад, муовини сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода  дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

             

            Дар маҷлиси ҷамъбасти семоҳа муовини якуми раиси ноҳия Зулфиқор Рамазонзода,  муовинон Бахтиёри Ҳақназар ва Маҳмадтоир Зокирзода перомуни фаъолияти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла  кишоварзӣ, фарҳанг, маориф, андозу омор  ҳисобот доданд. Дар маърузаи раиси ноҳия Қадриддин Фақерзода кору фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва  ташкилоту муассиса ва хоҷагиҳои ноҳия дар давоми семоҳаи якуми соли 2022 ба таври муфассал баррасӣ гардида,  нақшаю вазифаҳои сол  арзёбӣ гардиданд.

  Сипас, муовини  Сарвазири Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ба минбар баромада, аз натиҷаи шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои гуногун маълумот дода, дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба самъи ҳозирин расонид. Пасон бо  якчанд  роҳбарони ташкилоту муассиса суҳбатҳо сурат гирифта, фаъолияти сохторҳои марбута таҳлилу баррасӣ гардиданд.

Дар суханронии Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Махмадчонзода   ба авзои мураккаби ҷаҳони имрӯза дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла зиёд намудани майдони кишти картошка, захираи ғизоҳои ниёзи аввал сухан рафта, ҳамчунин нуктаҳои  умдаи Паёми навбатии  Президенти мамлакат ба иштирокдорони мулоқот расонида шуд.

Таъкид карда шуд, ки дар шароити душвори имрӯза вобаста ба тағиротҳои сиёсӣ дар ҷаҳони муосир алаккай мушкилоти иқтисодӣ  эҳсос мешавад, аз ин рӯ ба хароҷотҳои зиёдатӣ роҳ надода,  талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби аҳолӣ  қатъан риоя карда шавад.

           Дар маҷлис  доир ба масоили иқтисодию иҷтимоии ноҳия, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, ислоҳоти соҳаи маориф, беҳдошти сифати таълиму тарбия, иштироки фаъоли хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, аз даст надодани ҳушёрии сиёсӣ ва дигар мушкилоти имрӯзаи  ҷомеа  суҳбатҳои доманадор сурат гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code