Сафари кории намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тоҷикобод
Бо мақсади шиносоӣ бо соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Тоҷикобод аз 7 то 9 апрели соли равон намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадҷонзода Олимҷон Обидҷон ба ноҳияи Тоҷикобод ташриф оварданд.
Меҳмонон нахуст аз пули Ваҳдат то баромадгоҳи ноҳия аз заминҳои кишти шафати роҳи байналмиллалӣ дидан намуда, ба кишоварзон суҳбат намуданд. Пас аз ин намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ва Ҷамоати деҳоти Зарафшон аз наздик шинос гардиданд. Зимни суҳбат бо омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимӣ бо хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар синфхонаҳо ва кабинетҳои фаннӣ ба рафти таҳсил мароқ зоҳир гардида, барои пешрафти соҳа дар муассиса маслиҳату супоришҳои мушаххас дода шуд.
Сипас ба беморхонаи марказии ноҳия ва Маркази саломатии шаҳраки Тоҷикобод омада, аз аҳволи беморони бистаришуда ва ҳолати хизматрасонии тиббӣ воқиф гардиданд. Зимни боздид аз корҳои сохтмонӣ дар бинои беморхонаи касалиҳои сироятӣ, ки бо маблағгузори Сафорати Ҷопон дар заминҳои беморхонаи марказӣ сохта мешавад, муовини сарвазири мамлакат дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
9 апрел раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Маҳмадҷонзода ва раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода бо сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Нӯшор, Зарафшон ва Қалъаи лаби об мулоқотҳои судманд барпо намуданд. Зимни мулоқотҳо бо сокинон перомуни авзои мураккаби ҷаҳони имрӯза дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла зиёд намудани майдони кишти картошка, захираи ғизоҳои ниёзи аввал сухан рафта, ҳамчунин нуктаҳои умдаи Паёми навбатии Президенти мамлакат ба иштирокдорони мулоқот расонида шуд.
Кишоварзони ноҳия дастур гирифтанд, ки имсол тибқи супориши Пешвои муаззами миллат истеҳсоли маҳсулоти асосии ноҳия – картошкаро бо истифода аз заминҳои мавзеҳои баландкӯҳ афзун намуда, майдони киштро то 200 гектар васеъ намоянд. Таъкид карда шуд, ки дар шароити душвори имрӯза вобаста ба тағиротҳои сиёсӣ дар ҷаҳони муосир алаккай мушкилоти иқтисодӣ эҳсос мешавад, аз ин рӯ ба хароҷотҳои зиёдатӣ роҳ надода, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби аҳолӣ қатъан риоя карда шавад.
Дар мулоқотҳо доир ба масъалаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, маърифати ҷавонону наврасон, ислоҳоти соҳаи маориф, беҳдошти сифати таълиму тарбия, иштироки фаъоли хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, аз даст надодани ҳушёрии сиёсӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дигар мушкилоти имрӯзати ҷомеа суҳбатҳои доманадор сурат гирифтанд.