Ҳашари ниҳолшинонӣ дар Литсей
Рӯзи шанбе кормандону хонандагони Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод» ба ҳашари дастҷамъона баромада зиёда аз 100 бех ниҳолҳои ороишӣ сояафкан ва мевадиҳанда шинонданд. Дар ин рӯз бо меҳнати дастҷамъона дар ду тарафи даромадгоҳи Литсей ниҳолҳои арчаю сӯзанбарг шинонда шуд.
Таи ду соли охир гузашта дар замини санглохи саҳни бинои таълимии Литсей ниҳолҳои зардолу шинонда шуда буд, ки имрӯзҳо гул карда мавзеи атрофро сабзу хушнамо намудааст. Дар рӯзи ҳашар баъзе аз ниҳолҳои хушкшуда бо ниҳолҳои нав иваз карда шуданд.
Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод аз калонтарин муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар водӣ буда, дар он имсол зиёда аз 200 нафар хонандагон аз рӯи ихтисосҳои «Тракторчӣ-мошинисти истеҳсоли кишоварзӣ», «Фермер-соҳибкор», «Ҳисобдор бо донистани компютер» ва ду гурӯҳи духтаронаи «Дӯзандагӣ» ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.